Генерал Кеннет Маккензи, фармондеҳи Ситоди фармондеҳии марказии ИМА рӯзи панҷшанбеи 22-юми апрел дар Конгресси Амрико гуфт, дар сурати хуруҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон ва бе ҳимояти Вашингтон, артиши Афғонистон ба фурупошӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Вай ибрози нигаронӣ кард, ки дар чунин вазъият ҳукумати Афғонистон ҳатто қодир нахоҳад буд, ки аз Сафорати Амрико дар Кобул муҳофизат кунад.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта ба таври расмӣ эълон кард, ки нерӯҳои амрикоӣ то 11-уми сентябри соли ҷорӣ аз Афғонистон берун хоҳанд шуд. Амрико ва НАТО пас аз хуруҷи низомиёни худ аз Афғонистон барои ҳифзи амният дар ин кишвар ба нерӯҳои артиш ва пулиси Афғонистон такя хоҳанд кард, ки дар солҳои гузашта аз сӯи низомиёни ИМА ва НАТО омӯзиш дидаанд.
Дар созиши ҳукумати Доналд Трамп бо гурӯҳи Толибон, муҳлати берун шудани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон то якуми майи имсол зикр шуда буд, аммо ҳоло ба таъхир афтод.
Генерал Кеннет Маккензи дар Конгресси Амрико гуфт, "вақте ИМА бихоҳад ҳама нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кунад, ман нигаронам, ки афғонҳо битавонанд амалиётҳоро назорат кунанд ва маълум нест, ки бе кӯмаки молӣ ва фаннии Амрико нерӯҳои ҳавоии ин кишвар битавонанд ба фаъолияти худ идома диҳаНд".
Бо ин вуҷуд, генерал Кеннет Маккензи дар як нишасти хабарӣ дар Вазорати дифои Амрико гуфт, "мо талош хоҳем кард, то ҳарчӣ ки метавонем аз роҳи дур ба афғонҳо кӯмак кунем, то онҳо ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва дигар бахшҳоро, ки барои ҷанги онҳо зарурӣ аст, ҳифз ва нигаҳдорӣ кунанд".
Генерал Кеннет Маккензи афзуд, "чизе ки метавонам ба шумо бигӯям ин аст, ки дар назар нест мо дигар дар паҳлӯи онҳо ҳузур дошта бошем".
Ӯ дар идома гуфт, ҳифозат аз Сафорати Амрико амри муҳим хоҳад буд ва "ин масъала барои ман боиси нигаронӣ аст, ки оё ҳукумати Афғонистон пас аз хуруҷи мо қодир ба анҷоми ин кор хоҳад буд ё не".
Генерал Кеннет Маккензи дар ҳафтаи ҷорӣ бо ҳузур дар Конгресс, намояндагони амрикоиро дар ҷараёни таҳдидҳои муҳими пешруи артиши Амрико ҳангоми хуруҷи комил аз Афғонистон то 11-и сентябр қарор дод.
Тибқи иттилои расонаҳо, дар ҳоли ҳозир Амрико дар Афғонистон беш аз 2500 сарбоз дорад. НАТО ҳам гуфтааст, беш аз 7 ҳазор нерӯҳои худро то моҳи сентябр аз Афғонестон берун мекашад.
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Помириҳо агар дар вақташ намебуданд пешвои миллати ту имруз Узбако буданду хуш келибсиз дадаҷон гуфта мегаштӣ. Ҳадди ақал аз он ки Тоҷикистонро Тоҷикистон помириҳо карданд, набояд ба гушаи фаромуши равад. Курнамакӣ ҳам як андоза доштагист, бутпарастҳо!
Ин зеленски факат ваъда доданро медонад руссия рузе хатто киевро ишғол мекунад ин аниқ аст
Ҷавоб ба Эраҷи Тилисмшикан, Маҳз бефикри, куҳтоназари, эркагии ,,лидерони,, маҳали, худписанди ба чунин натиҷа оварда расонд. Мардуми буми ба ақалияӣҳои милли, мазҳаби ва фарҳанги тааллуқ доранд ва бояд дар сиёсат аз эҳтиёт кор гиранд. Хубтараш аз сиёсат тамоман канор раванд.
Ин бизнесро хам манаполия кард Бек Капур . Чашмгуруснахо шумо агар аз хоки ГУР сер накунед , аз моли дунё сер накардед !
Руки прочь от радио озоди !!! Идите в свой Сафина