Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен аз қарори хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон ҳимоят кард


Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар нишасти хабарӣ дар сафорати Амрико дар Кобул
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар нишасти хабарӣ дар сафорати Амрико дар Кобул

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз қарори ИМА дар заминаи хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон ҳимоят кард ва гуфт, ки таҳдиди терроризм ҳама ҷо паҳн шудааст ва Вашингтон ҳоло бояд “нирӯву захираҳои худро” ба масоили муҳими дигари мисли пандемияи COVID-19 ва тағйироти иқлим равона кунад. Блинкен, ки 18-уми апрел бо телевизиони ABC сӯҳбат мекард, гуфт, “таҳдиди терроризм ба дигар маконҳо паҳн шудааст. Ва мо масоили дигари муҳиме дорем, аз ҷумла, аз равобит бо Чин, аз ҷумла, муқобила бо тағйироти иқлим сар карда то COVID”. Президент Ҷо Байден рӯзи 14-уми апрел эълон кард, ки ИМА ҳамаи нирӯҳои боқимондашро пеш аз 11 сентябр аз Афғонистон берун мекашад. Хуруҷи нирӯҳо бо ин вуҷуд сурат мегирад, ки музокироти сулҳи Афғонистон, ки миёни ҳукумат ва Толибон ҷараён дорад, бо мушкил пеш меравад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан, ИМА сари масоили таҳдиди терроризм аз Афғонистон тамаркуз хоҳад кард. Айни замон ӯ таъкид кард, ки баъди рафтани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон “касе замонат дода наметавонад, ки дар дохил чӣ хоҳад шуд”. Ӯ гуфт, тамоми коре, ки ИМА барои нирӯҳои амниятии Афғонистон, ҳукумат ва мардумаш карда метавонад, ин таъмини захираву имкониятҳо, тамрин, муҷаҳҳазкунии нирӯҳо ва ёрӣ ба ҳукумат мебошад. Салливан рӯзи 18-уми апрел дар сӯҳбат бо Fox News гуфт, “фурсати он расидааст, ки нирӯҳои амрикоӣ ба хона баргарданд ва мардуми Афғонистон кишвари худро худаш дифоъ кунад” .

XS
SM
MD
LG