Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони "ғайриқонунӣ"-и тоҷик дар Русия чӣ қадаранд? Ҳисоби мушкили Маскаву Душанбе


Ҳазорҳо сокини Тоҷикистон талош доранд, ки барои кор худро ба Русия бирасонанд
Ҳазорҳо сокини Тоҷикистон талош доранд, ки барои кор худро ба Русия бирасонанд

Намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, дар вақти ҳисоби муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия "зиёдаравӣ шудааст".

Мақомоти Русия мегӯянд, феълан дар ҳудуди ин кишвар 247 ҳазор муҳоҷири тоҷик ғайриқонунӣ будубош доранд. Маскав ба ин гуруҳи муҳоҷирон то 15-уми июн муҳлат додааст, ки будубоши худро қонунӣ кунанд, дар акси ҳол номашон ба рӯйхати шахсони “мамнуъ-ул-вуруд” дохил мешавад.

Дар Вазорати меҳнату муҳоҷират гуфтанд, теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия ба он миқдоре нест, ки Маскав ҳисоб кардааст. Зоҳир Мирзоев, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, омори мақомоти рус дар бораи теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба воқеият рост намеояд.

Мирзоев гуфтааст, дар ин кор зиёдаравӣ сурат гирифта, Вазорати корҳои дохилии Русия теъдоди муҳоҷиронро барзиёд ҳисоб кардааст.

Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат далел овардааст, ки омори муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар тӯли солҳои зиёд ҷамъ шуда, аксарияти онҳо бо ҳуҷҷатҳои дигар ба Тоҷикистон рафтаанд ва ҳоло онҷо қарор доранд.

Изҳори назари ин мақомдори тоҷик пас аз он садо дод, ки Маскав ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия то 15-уми июн муҳлат дод, ки будубоши худро қонунӣ кунанд. Александр Горовой, муовини вазири корҳои дохилии Русия, рӯзи 16-уми апрел аз намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) хост, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кишвар "ҳал кунанд".

"Бисёре аз шаҳрвандони Шумо дар хоки кишвари мо ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Агар мувофиқи қарори президент ин шумораро то 15-уми июн кам накунем, онҳо бо муҷозот, ихроҷ аз сарҳад, рӯ ба рӯ мешаванд. Мо мехоҳем, бо ёрии матбуот дар кишварҳои худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед."

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар, бештар аз ҳама муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Узбекистон, Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ба сар мебаранд. Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз муҳоҷироне, ки ҳузурашон дар Русия ғайриқонунист, хост, то 15-уми июни имсол ба шуъбаҳои ноҳиявии идораи муҳоҷират дар Русия ҳозир шуда, будубоши худро қонунӣ гардонанд.

Барои суол ва пурсиш дар ин замина шаҳрвандон метавонанд, ба намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳои зерини Русия муроҷиат кунанд:

Маскав: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4888964, +7(967)2710202;

Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;

Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;

Новосибирск: +7(965)3586161;

Уфа: +7 (915) 4883223;

Краснодар: +7(929)540 88 88;

Хабаровск: +7 (909)809 5548;

Астрахан: +7(977)2720001.

XS
SM
MD
LG