Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳ Солиев, ҷавони тоҷик, ки дар Истанбул дастгир шуд: Тоҷир, устои барқ ё "ҳамкор"-и ДОИШ?


Нерӯҳои полиси Туркия. Акс аз бойгонӣ
Нерӯҳои полиси Туркия. Акс аз бойгонӣ

Падари Солеҳ Солиев, ҷавони 31-солаи тоҷик, ки се рӯз пеш дар Туркия бо гумони ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир шуд, мегӯяд, дар бораи фарзандаш худи ӯ ба мақомот хабар дода буд. Вале, ба қавли Иброҳим Солиев, писараш бо гуруҳҳои тундрав иртибот надорад ва дар Туркия ба тиҷорат машғул буду гоҳе ҳамчун устои барқ кор мекард.

Вақтҳои охир пайваста бо писарам дар тамос будам. Ба сабаби он ки мақомоти Туркия парвандаи марбут ба меҳмонии ӯро набаста буданд, имкон надошт, ба Тоҷикистон баргардад.
Иброҳим Солиев

Хабаргузориҳои Туркия рӯзи 14-уми апрел иттилоъ доданд, ки дар пайи як амалиёти вижа 11 нафар бо гумони ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" боздошт шудаанд. Дар миёни онҳо номи зодаи Тоҷикистон, Солеҳ Солиев, низ зикр мешавад.

Аз Русия -- ба Туркия. Чаро падар нигарон шуд?

Иброҳим Солиев, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 15-уми апрел гуфт, хабари боздошти фарзандашро аз расонаҳо фаҳмид. Вай нақл кард, ки Солеҳ Солиев соли 2015 бе ризояти ӯ аз Русия ба Туркия рафта, бо ин кор ӯро хашмгин карда буд.

"Соли 2012 писари дигарам бо ҳамин шева бедарак шуда буд ва танҳо пас аз ду сол хабари маргаш аз Афғонистон расид. Моргазида аз ресмони ало метарсад. Аз хавфи он ки ин Солеҳ низ баромада наравад, худам ба милиса ариза навиштам. Хостам, ӯро боздошт кунанд, то ба "ҷиҳодӣ"-ҳо ҳамроҳ нашавад", -- афзуд ӯ.

Ин падари тоҷик мегӯяд, азбаски фарзандаш шаҳрвандии Русия ва ҳам Тоҷикистонро дошт, мақомоти ду кишварро дар мавриди писараш огоҳ карда буд, вале баъдан назарашро дигар кард.

Акси Солеҳ Солиев аз расонаҳои Туркия
Акси Солеҳ Солиев аз расонаҳои Туркия

"Солҳои охир бо писарам дар Туркия иртибот доштам. Ӯ ягон кори ғайриқонунӣ накардааст ва аз ҳудуди Туркия низ ба берун нарафтааст. Як сол пеш ба хотири тамом шудани муҳлати виза (муҳлати қонунии будубош) дар Туркия боздошт шуд. Пас аз чанде раҳо карданд. Бори дувум барои он ки дар хонаи турке, ки зери назари пулис будааст, меҳмон мешавад, дастгир карданд", -- гуфт Солиев.

"Натавонист, ба Тоҷикистон баргардад"

Ба нақли ин сокини Душанбе, ӯ рақами телефони фарзандашро дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон қарор дода буд ва масъулон ҳам бо ӯ дар тамос буданд: "Вақтҳои охир мунтазам бо писарам дар тамос будам, аммо аз сабаби он ки мақомоти Туркия парвандаи марбут ба меҳмонии ӯро набаста буданд, имкон надошт, ба Тоҷикистон баргардад."

Иброҳим Солиев мегӯяд, се писар дорад ва ҳамаи онҳо мактаби миёнаро дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе хатм карда, мисли садҳо ҷавони дигари тоҷик ба муҳоҷират рафтаанд. Ӯ дар бораи писараш, Мурод, ки хабари маргаш гуё аз Афғонистон расидааст, тафсилот надод.

Ҳоло Солиев намедонад, мақомоти Туркия писарашро Тоҷикистон истирдод мекунанд ва ё Русия, чунки ӯ шаҳрвандии ҳар ду кишварро дорад.

Солеҳ Солиеви 31-сола, ба гуфтаи падараш, дар Туркия издивоҷ кардааст ва ҳоло фарзанд надорад. "Аммо завҷааш обистан буда, интизори фарзанд аст", -- гуфт ӯ.

Ӯро соли 2016 меҷустанд

Мақомоти Тоҷикистон пас аз дастгир шудани Солеҳ Солиев дар бораи ӯ расман маълумоте нашр накарданд.

Бино бар иттилои додситонӣ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, мақомоти тоҷик ҳанӯз соли 2016 Солеҳ Солиевро бо иттиҳоми "зархаридӣ" таҳти пайгард қарор дода будаанд. Тибқи ин модда шахсонеро муттаҳам мекунанд, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат кардаанд ва ё дигаронро ҷалб намудаанд.

Бино ба омори расмӣ, аз соли 2014, баъд аз зуҳури ДОИШ ва ишғол шудани қаламравҳои васеи Ироқу Сурия аз тарафи ҷангҷӯёни он, тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин созмон ва гуруҳҳои дигари тундраву террористӣ дар ин ду кишвар пайвастанд. Мақомот гуфта буданд, аксари онҳо аз Русияву Туркия ба онҷо рафтаанд.

Як афсари бознишастаи тоҷик моҳи декабри соли 2020 гуфт, мақомоти расмӣ 675 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз тарафи гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия меҷангиданд, дастгир карда ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

Орифҷон Содиқов, полковники мустаъфии Кумитаи амнияти миллӣ, дар мақолае дар "Садои мардум", минбари расмии порлумон, навишт, аз соли 2014 то охири соли гузашта бештар аз 500 шаҳрванди кишвар дар ҷангҳо барои ДОИШ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG