Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миннеаполис шаби дуюми беназмиҳоро пуштисар кард


Дар шаҳри Миннеаполиси ИМА бо сабаби куштори як ҷавони амрикоии африқоитабор шаби дуюми эътирозу беназмиҳо пуштисар шуд. Тим Геннон, раиси полиси шаҳри Бруклин Сентер рӯзи 12-уми апрел гуфт, ходими полис ба ҷои электрошокер тасодуфан силоҳро ба даст гирифта ба Даунте Райти 20-сола тир холӣ кард.

Полис наворҳои видеоии ҳодисаи 11-уми апрелро нашр кард ва дар он дида мешавад, ки баъди барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ нигоҳ дошта шудани мошини Райт занозанӣ бархост ва вақте ходими полис, ки зан будааст, талош кард ба дасти ӯ завлона занад, Райт ба қафо гашта, талош кардааст ба мошин дохил шавад. Ходими полис бо нидои “ман электрошокер мегирам”, ки як амали оддии полис мебошад, ба даст силоҳ гирифта онро ба кор меандозад. Тим Геннон гуфт, ходими полис ба ҷои истифодаи электрошокер силоҳро ба кор бурд ва ин амал, ба гуфтаи ӯ, як тасодуф буд, ки боиси “марги фоҷеабори ҷаноби Райт шуд”.

Марги ин ҷавони сиёҳпӯст боиси эътирозу беназмиҳо шуд. Полис барои хатми беназмиҳо аз гази ашковар истифода кард.

XS
SM
MD
LG