Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Омбудсмен: Ба хориҷиҳои дармонда дар Русия ҳақи иқомат дода шавад


Омбудсмени Русия пешниҳод кардааст, барои муҳоҷироне, ки ба таври қонунӣ ба ин кишвар ворид шудаву бинобар пандемия беш аз як сол ин ҷо мондаанд, ҳаққи иқомати муввақатӣ ва ё “Вид на жительство“ дода шавад. Хабаргузории ТАСС менависад, Татяна Москалкова ин пешниҳоди худро зимни пуштибонӣ аз таҳияи лоиҳаи қонуне, ки ба муҳоҷирон имкон медиҳад, сарфи назар аз қонуншиканиҳои мавҷуда, иқомати худро дар Русия қонунӣ кунанд, ироа доштааст. Тарҳи қонун бо ташаббуси вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев таҳия мегардад. Он асосан ба вазъи хориҷиёне таъсир мерасонад, ки ҳангоми пандемияи коронавирус натавонистанд ҳуҷҷатҳоро барои қонунӣ намудани буду бошашон ҷамъ оварданд.

XS
SM
MD
LG