Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Беларус нашри барномаҳои Euronews  қатъ шуд


Александр Лукашенко соли 2014 ба Euronews мусоҳиба додааст
Александр Лукашенко соли 2014 ба Euronews мусоҳиба додааст

Дар Беларус шурӯъ аз 12-уми апрел пахши барномаи ТВ Euronews қатъ шуд. Дар вазорати иттилооти Беларус ба РИА "Новости" гуфтанд, ки тасмими мазкур бо сабаби вайрон шудани қонунгузорӣ дар бораи реклама гирифта шудааст. Дар сайти худи ин сохтор омадааст, ки мӯҳлати иҷозатномаи пахши барномаҳои Euronews дар Беларус ба охир расид. Ҳамзамон дар хабар омадааст, ки дар қаламрави Беларус барномаҳои телевизиони русии “Победа” намоиш дода мешаванд, ки дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳон барномаву филмҳои сохтаи шӯравӣ қисса мекунад.

Euronews – як шабакаи телевизионии 24-соата аст, ки ба 13 забон хабарҳо пахш мекунад. Анҷумани журналистони Беларус қарори мақомотро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Борис Горетский, муовини раиси Анҷумани журналистони Беларус гуфт, “ба эҳтимоли ғолиб, ин қарор бо ҳадафи дар инзивои бештари иттилоотӣ қарор додани мардуми Беларус содир шудааст. Мақомот аз тобистони гузашта ба ин сӯ дар атрофи ҷомеаи Беларус, ба истилоҳ, “девори чинӣ” сохта, журналистонро саркӯб ва маводи нашршударо масдуд мекарданд”. Коршиноси матбуотӣ Павлюк Биковский гуфт, дар Беларус аксарият ба чунин шабакаҳои нашаротии мисли CNN, Fox News ва дигар расонаҳо дастрасӣ надоранд, дар ҳоле, ки онҳо метавонанд чун алтернативаи шабакаҳои телевизионии давлатии Беларус ва Русия хидмат кунанд.

Аз августи порсол, вақте мухолифон ва бисёр сокинони Беларус ба натиҷаҳои интихоботи президентии ин кишвар бовар накарда даст ба эътироз заданд, мақомот аз саркӯб ва фишор кор гирифтанд. Баробар бо эътирозагони оддиву мухолифон, журналистон ҳам таъқиб ва ҳабс шуданд. Дар ин ҳама таҳаввулот Маскав аз Минск пуштибонӣ кард.

XS
SM
MD
LG