Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Инглистон фурӯшгоҳу сартарошхонаҳо боз мешаванд


29-уми март, як боғе дар Лондон
29-уми март, як боғе дар Лондон

Дар Инглистон барои кам кардани маҳдудиятҳои коронавирус омодагӣ мебинанд, чун дар ин кишвар аксар қишри калонсол аз ду воя ё дозаи воксинаи зидди COVID-19 якеашро қабул кардаанд. Шурӯъ аз 12-уми апрел имкон дорад, ки ҳама фурӯшгоҳу хадамоти мисли сартарошхонаҳо боз шаванд ва имкони истироҳати беруна ба аъзои як оила ва бо шарти ин ки ғизоро худашон таҳия кунанд, фароҳам мешавад. Аксар машғулиятҳои варзишие иҷоза мешаванд, ки дар ҳавои тоза барпо шудани онҳо имкон дорад.

Ба тарабхонаву барҳо иҷоза доданд, ки фурӯши ғизову нӯшокиро дар берун аз бино ба роҳ монанд ва қарор аст нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон ин ҳодисаро дар як тарабхонае дар боғи боз бо нӯшидани оби ҷав таҷлил кунад. Ҷонсон таҳаввулоти ахирро “як иқдоми азим ба самти иҷрои нақшаи озод шудан” номид, вале айни замон таъкид кард, ки бояд аз эҳтиёт кор гирифту бо масъулияти тамом амал кард.

Дар Инглистон, ба қавли мақомот, беш аз 60 дарсади калонсолон ҳадди аққал як вояро гирифтаанд, вале мақомоти беҳдоштӣ ҳушдор медиҳанд, ки хатари омадани мавҷи нави олудашавӣ ҳамоно вуҷуд дорад, чун дар қисматҳои дигари Аврупо мушоҳида мешавад.

Вобаста ба вазъият, баъди 17-уми май қарор аст бархе маҳдудиятҳои иловагии дигар ҳам дар Инглистон бекор шаванд.

XS
SM
MD
LG