Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи барқ дар Натанз кори кӣ буд? Эрон ҳодисаро "терроризми ҳастаӣ" хонд


Рӯзномаи амрикоии "The New-York Times" ба нақл аз ду манбаи истихборотӣ навишт, ҳодисае, ки рӯзи 11-уми апрел сабаби қатъи барқ дар таъсисоти ҳастаии Натанз дар Эрон шуд, таркиш буд ва системаи барқрасонии ин пойгоҳи атомиро ба таври умумӣ аз кор андохт.

Ин гузориш, ки бар асоси изҳороти мақомҳои истихборотии амрикоӣ ва исроилӣ (бе зикри номи онҳо) нашр шуд, ҳодисаро ба Исроил нисбат дода, мегӯяд, бар асари он зарбаи сахте ба тавоноиҳои Эрон дар ғанисозии ураниюм ворид шудааст.

Тибқи арзёбиҳо, ҳамакнун Эрон барои бозгашт ба нуқтае, ки пеш аз ин таркиш дар он қарор дошт, ҳадди ақал ба 9 моҳи дигар ниёз дорад.

Эрон ҳодисаи рухдодаро дар таъсисоти Натанз "терроризми ҳастаӣ" хонд ва таъкид кард, ки ҳаққи худ медонад, то ба зидди омилон ва дастурдиҳандагон, ки боиси халал дар кори таъсисоти атомии Натанз шуд, иқдом кунад.

Дар ин миён сарпарасти гурӯҳи фаннӣ-баррасии ҳодиса ҳушдор додааст, ки ахбори баъзе аз расонаҳои хориҷӣ дар бораи сабабҳои ҳодиса "танҳо фазосозии расонаҳо аст ва появу асоси воқеӣ надорад".

Ин масъули эронӣ, ки номи ӯ низ нашр нашудааст, сипас изофа кард, ки дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад ва бо мушаххас шудани иллати аслӣ, маълумоти даркориро нашр хоҳанд кард.

Эрон танҳо як рӯз қабл аз ин ҳодиса эълон карда буд, "Маркази монтажи сентрифугаҳои пешрафта"-и Натанзро, ки дар тобистони соли гузашта дар ҷараёни як ҳодиса вайрон шуд, дубора роҳандозӣ кардааст.

Ин таркиш боиси кунд шудани раванди тавлиди ин навъи сентрифугаҳо дар Эрон шуд ва он замон рӯзномаи амрикоии "The New-York Times" пешбинӣ кард, ин ҳодиса барномаи ҳастаии Эронро то ду сол ба таъхир рӯбару мекунад.

Мақомоти Эрон он замон низ гуфтанд, ки ҳодиса кори дасти Исроил аст.

Ҳодисаи нав дар таъсисоти Натанз дар ҳоле сурат гирифт, ки музокирот барои бозгашти эҳтимолии Амрико ба созиши ҳастаӣ бо Эрон ва бекор кардани таҳримҳо алайҳи Теҳрон оғоз шудааст. Исроил ба шиддат мухолифи бозгашти Амрико ба созиши ҳастаӣ бо Эрон аст ва қаблан бархе мақомоти он ҳушдор дода буданд, ки ин кишвар ба ҳамлаҳое алайҳи Эрон даст хоҳад зад.

Алиакбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии Эрон, иқдом алайҳи маркази ғанисозии Натанзро нишонаи шикасти мухолифони музокирот ва пешрафтҳои ҳастаӣ" хонд. Ӯ афзуд, ҳадафи омилони ҳодиса, "пешгирӣ аз рушди чашмраси саноати ҳастаӣ аз як тараф ва музокироти муваффақ барои рафъи таҳримҳои золимона аст".

Рӯзномаи "The New-York Times" ҳам дар гузориши худ навиштааст, ҳодисаи рӯзи якшанбе шакку гумонҳои бештареро дар бораи талошҳои дипломатӣ барои бозгашти Амрико ба созиши ҳастаӣ ба миён овардааст.

Бузургтарин муассисаи ҳастаии Эрон дар шаҳри Натанз аст, ки аз Теҳрон 250 километр фосила дорад. Ин муассиса ба хотири ҳифозат аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар зери замин сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG