Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Самарқанд бо бастани роҳ таъмини барқро талаб карданд


Uzbekistan - Energy crisis. Samarkand. Paxtachi
Uzbekistan - Energy crisis. Samarkand. Paxtachi

Дар ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанди Узбекистон сокинон бо талаби таъмини нерӯи барқ роҳи мошингардро бастаанд. Ҳодиса рӯзи 5-уми апрел рух дод.

Мақомоти пулиси Узбекистон гуфтанд, панҷ нафар аз сокинон боздошт шуда, нисбат ба онҳо чораҷӯйӣ хоҳад шуд. Ба иттилои шоҳидон, сокиноне, ки солҳо аз дарёфти гази табиӣ маҳрум буданд, пас аз 9 рӯзи бебарқӣ маҷбур шуданд, роҳи мошингардро банданд.

Дар рӯзи роҳбандӣ интиқоли барқ ба манзили сокинон ба роҳ монда шуд. Дар наворҳо дида мешавад, ки зиёда аз 30 нафар роҳи мошингардро бастаанд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ба далели боришҳои зиёд рӯзи 28-уми март интиқоли барқ ба маҳаллаи "Сарой"-и ноҳияи Пахтачин қатъ шуд.

"Дар натиҷаи боронҳои пай дар пай чанд трансформатор аз кор баромада, дар натиҷа интиқоли барқ қатъ шуд", -- гуфт як масъули ноҳияи Пахтачин.

XS
SM
MD
LG