Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Котиби давлатии Амрико аз Радиои Озодӣ пуштибонӣ кард


Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар робита ба фишори мақомоти Русия, ки ба пешгирӣ аз фаъолияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ равона шудааст, изҳори нигаронӣ кард. Дар ин бора Нед Прайс, намояндаи Департаменти давлатии Амрико, хабар дод.

Блинкен рӯзи 6-уми апрел бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Оҷонси Амрико дар умури расонаҳои ҷаҳонӣ (USAGM) Келу Чао мулоқот кард. Дар ин мулоқот аҳамияти расонаҳои мустақил дар ҳифз ва густариши усулҳои демократӣ баррасӣ шуд.

Дар моҳҳои охир ниҳоди назоратии Русия, "Роскомнадзор", аз расонаҳое, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, қатъиян талаб дорад, дар барнома ва гузоришҳояшон "агенти хориҷӣ" будани худро нишон диҳанд.

Сарпечӣ аз иҷрои ин талабот ҷарима ва эҳтимоли бастани сомонаҳои "Садои Амрико", Радиои Озодӣ ва тарҳҳои дигари Радиои Озодиро дар Русия ба дунбол дорад.

"Ҳадафи чунин фишор хомӯш кардани садои хабарнигорони мустақил аст”, -- омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Амрико.

"Роскомнадзор" Радиои Озодиро барои 390 ҳолати вайрон кардани талаботи қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ" қариб 1 миллион доллар ҷарима кардааст. Радиои Озодӣ ин масъаларо ба додгоҳ кашида, онҳоро вайрон кардани талаботи Конститутсияи Русия, қонунгузории ин кишвар дар бахши расонаҳо ва қоидаҳои рақобат дар бозори расонаҳо меномад.

Додгоҳе дар шаҳри Маскав то ин замон 72 шикояти Радиои Озодиро баррасӣ ва ҳамаи онҳоро рад кардааст.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Озодӣ, чанде пеш гуфта буд, ки сарфи назар аз ҳамаи таъқибҳои додгоҳӣ ва фишори Кремл, Радиои Озодӣ ба фаъолияташ дар Русия идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG