Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбаси "Жаслиқ" дар Узбекистон баста нашудааст. Дар он ҷо маҳбусони якумрӣ адои ҷазо мекунанд


Зиндони "Жаслиқ" дар харита
Зиндони "Жаслиқ" дар харита

Маҳбаси низомаш сахти шаҳраки "Жаслиқ" дар вилояти Қарақалпоқистони Узбекистон, ки бо шиканҷаҳои гӯшношунид ва муносибтаҳои бераҳмонааш маъруф аст, то кунун пурра баста нашудааст. Расонаҳои Узбекистон муайян карданд, дар ин маҳбас то ҳол шахсоне адои ҷазо мекунанд, ки ба ҳабсҳои якумрӣ маҳкум шудаанд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 2-юми августи соли 2019 дар бораи бастани маҳбаси "Жаслиқ" қарор қабул карда буд. Вазорати корҳои дохилии Узбекистон моҳи октябри соли 2019 хабар дода буд, ки ҳамаи маҳбусони "Жаслиқ" ба зиндонҳои дигар интиқол дода шудаанд.

Баъдтар Додситонии кулли Узбекистон гуфт, дар маҳбаси "Жаслиқ" маҳбусе намондааст.

Аммо пайвандони яке аз маҳбусони якумрӣ, ки бо ҷурми "Куштори барқасдона" зиндонӣ шудааст, рӯзи 5-уми апрел ба расонаҳо гуфтааст, ба дидори бародараш ба маҳбаси "Жаслиқ" рафт.

Ҳомии ҳуқуқи узбекистонӣ Аъзам Фармонов гуфт, Маҳбаси махсуси низоми умумии "Жаслиқ" бастааст, танҳо маҳбасе дар канори Жаслиқ фаъолият мекунад, ки барои маҳбусони якумрӣ пешбинӣ шудааст.

Маҳбаси "Жаслиқ" чанд моҳ баъд аз таркиши соли 1998 дар шаҳри Тошканд таъсис шуд. Комисияи Амрико дар умури озодиҳои мазҳабӣ чанд сол пайваста ба мақомоти Узбекистон тавсия медод, ки маҳбаси "Жаслиқ" баста шавад. Гуфта мешуд, дар ин маҳбас асосан касоне нигаҳдорӣ мешаванд, ки бо ангезаҳои динӣ зиндонӣ шудаанд.

Кумитаи Созмони Милал зидди шиканҷа ҳанӯз дар соли 2002 аз Тошканд хоста буд, "Жаслиқ"-ро бандад.

XS
SM
MD
LG