Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се мактабхон дар Истаравшан барои "наворҳои мамнуъ". Мудири маориф барканор шуд


Дар шаҳри Истаравшан се хонандаи мактаб ба таблиғи наворҳои созмони дар кишвар мамнӯи "Гурӯҳи 24" гумонбаранд. Волидони яке аз онҳо гуфт, ноболиғон гуноҳе накардаанд, вале дар пасманзари ин ҳодиса Диловар Азимов, мудири маорифи Истаравшан, аз мақом барканор шуд.

Ду хонандаи синфи 11-уми як мактаби миёна ва як хонандаи гимназияи маркази шаҳри Истаравшан охири моҳи март боздошт шуда, пас аз се рӯзи бозпурсӣ бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист раҳо гардиданд.

"Бачаҳо аълохон буданд"

Дар Раёсати маорифи вилояти Суғд гуфтанд, "дар ҳамкорӣ бо волидон телефонҳои хонандагон тафтиш мешавад".

Як мақоми огоҳ дар ҳукумати шаҳри Истаравшан рӯзи 5-уми апрел бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "хонандаҳо навори созмонҳои мамнуъро ба ҳамсолони дигари худ фиристода, онҳоро ба тамошо ташвиқ кардаанд." Тасдиқи ин иддао аз манобеи дигар ғайриимкон аст.

"Парвандаашон аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ мешавад. Ин бачаҳо фирефта шудаанд ва бо онҳо аз ҷониби мақомот корбарӣ мешавад. Бачаҳо аълохон будаанд", -- гуфт ҳамсуҳбати мо дар ҳукумати шаҳри Истаравшан.

Ному насаби хонандаҳо дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, вале ба хотири ноболиғ буданашон аз нашри онҳо худдорӣ мешавад.

Пайвандони яке аз наврасони гумонбар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, "ҳодисаро зиёд воҳима кардаанд". "Фақат аз якдигар пурсидаанд, ки ту ҳамин барномаро дорӣ ё не. Фикри ҳамдигарро пурсидаанд, дигар ягон коре накардаанд, ки боис ба ин қадар воҳима шавад. Онҳо худашон ҳам моҳияти ин барномаҳоро ҳам нафаҳмидаанд, ки чӣ ҳаст", -- гуфт ӯ.

Истифодаи телефони мобил дар мактабҳои Тоҷикистон аз ҷониби хонандагон манъ аст, вале омӯзгорон мегӯянд, аксар хонандагон бо худ телефон доранд ва ё ҳатман дар берун аз мактаб аз он истифода мебаранд.

Дар Раёсати маорифи вилояти Суғд боздошти ноболиғонро "боис ба нигаронӣ" номида, гуфтанд, ки "дар ҳамкорӣ бо волидон телефонҳои хонандагон тафтиш мешавад".

Барканории мудир: Қазияи хонандагон ё тағйир дар қонунгузорӣ?

Рӯзи 5-уми апрел дар пасманзари боздошти се хонандаи мактаб Диловар Азимов, мудири маорифи Истаравшан аз мақом барканор ва Гулрӯ Пулодова ба ҷойи ӯ мудири маориф таъин шуд. Акмал Аҳроров, муовини мудири маорифи Истаравшан, гуфт, иваз шудани мудири маориф ба тағйир дар қонунгузорӣ буд, ки ин салоҳиятро аз раиси шаҳр ба дӯши вазири маориф кишвар гузошт.

Ӯ гуфт, ба хотири ислоҳи хонандагон "дар ҳама мактабҳои шаҳр корҳои профилактикӣ мегузаронанд ва ба онҳо муҳим будани сулҳу суботро мефаҳмонанд."

Дар як соли охир борҳо аз боздошт ба хотири тамошо ё таблиғи навори суҳбатҳои намояндагони гуруҳҳои мухолиф ва ё ҳамкорӣ бо онҳо гузориш шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврали имсол гуфт, барои ҳамкорӣ бо мухолифин даҳ нафарро боздошт кардаанд.

Намояндагони созмонҳои мухолиф, аз ҷумла "Гурӯҳи 24" ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташон дар кишвар мамнуъст, дар хориҷа аз мансабдорони тоҷик бо лаҳни тунд танқид мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон дар навбати худ онҳоро "террорист ва экстремист" номида, таҳти пайгард қарор додаанд ва ҳамкорӣ ё тамошову таблиғи суҳбатҳои онҳоро ҷиноят медонанд.

Намояндагони ин гурӯҳҳо борҳо ин ҳарфи мақомотро туҳмат дониста, гуфтаанд, танҳо камбудҳои ҳукуматро мегӯянд ва мардумро аз воқеият огоҳ месозанд. Намояндагони мухолифин бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳо омода мекунанд.

Созмони "Гуруҳи 24" соли 2012 аз ҷониби Умаралӣ Қувватов, соҳибкори фирорӣ дар Русия ташкил шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2014 онро созмони "экстремистӣ" эълон кард. Иттиҳоме, ки ҷонибдорони созмон онро сиёсӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG