Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Узбекистон дар соли 2020 аз 4 ҳамла пешгирӣ кардаанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон (ХАД) хабар дод, ки дар соли 2020 аз чаҳор ҳамла пешгирӣ кардааст.

Ба итттилои ин ниҳод, ду ҳамла мебоист дар Узбекистон ва ду ҳамлаи дигар дар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) сурат гирад.

ХАД Узбекистон ҳамчунин гуфтааст, дар соли гузашта аз фаъолияти 67 гуруҳҳои тундгарову террористӣ пешгирӣ шудааст. Ба ҷуз ин, 98 шаҳрванди Узбекистон, ки ба фаъолиятҳои тундгароиву террористӣ айбдор мешуданд, аз хориҷ баргардонида ва ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд.

Мақомоти махсуси Узбекистон пештар хабар дода буданд, ки дар солҳои 2018-2019 бо кӯмаки мақомоти амниятии хориҷӣ аз 9 ҳамла пешгирӣ кардаанд.

5-уми апрел дар Узбекистон Рӯзи таъсисёбии Хадамоти амнияти давлатӣ таҷлил мешавад. Дар ҳамин рӯзи соли 2018 президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев қонун "Дар бораи Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон"-ро имзо кард.

XS
SM
MD
LG