Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёиши суннатии Попи Рум имсол дигаргуна мешавад


Попи Рум дар Калисои Пётри Муқаддас дар рӯзи 4-уми апрел
Попи Рум дар Калисои Пётри Муқаддас дар рӯзи 4-уми апрел

Попи Рум Франсис имсол дар рӯзи Иди Фусҳо ниёиши суннатиаш бо номи “Ба шаҳру ва ҷаҳон”-ро дар ҳузури гуруҳи хурде аз эътиқодмандон дар Калисои Пётри Муқаддас анҷом медиҳад.

Ҳар сол рӯзи 4-уми апрел барои шунидани ин ниёиш, ки дар майдони Ватикан сурат мегирифт, даҳҳо ҳазор нафар ҷамъ меомаданд. Имсол ниёиш дар дохили калисо ва бо ҳузури чандсад нафар мегузарад.

Ҳадаф аз ин кор роҳ надодан ба ҷамъ омадани мардуми зиёд ва монеъ шудан ба сирояти васеи коронавируси нав аст, ки дар Итолиё зиёд доман задааст. Соли дуввум аст, ки ниёиши Попи Рум дар фазои баста ва маҳдуд сурат мегирад.

Поп Франсис рӯзи 3-уми апрел ҳам дар Калисои Пётри Муқаддас дар ҳузури 200 нафаре, ки бо ниқоб омада буданду фосилаи иҷтимоиро риоят мекарданд, ваъз гуфт ва изҳори умедворӣ кард, ки аҳди торики пандемия ба поён мерасад ва мардум дигарбора “зебоиҳои ҳамарӯзаи зиндагиро дармеёбанд.”

XS
SM
MD
LG