Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахти Комроншоҳ ва Темур дар Анталия омад накард


Комроншоҳи Устопириён ҳангоми тамрин дар шаҳри Рио де Жанейро дар Бразилия.
Комроншоҳи Устопириён ҳангоми тамрин дар шаҳри Рио де Жанейро дар Бразилия.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam 2021", ки рӯзҳои 1-4-уми апрел дар Туркия баргузор шуд, ду паҳлавони маъруфи тоҷик – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов – ҷойҳои панҷумро касб карданд.

Ҳарду паҳлавони тоҷик дар рӯзи охирини мусобиқа – 3-юми апрел – бар рақобат пардохтанд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар намояндаи Австрия Адам Борчашвили, дар даври дувум бар Александр Сидорук аз Беларус, дар даври севум бар Бездек Мартини аз Ҷумҳурии Чех ғолиб омад ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Вай дар чорякфинал бар Ли Кочман аз Исроил дастболо шуд. Вале дар нимфинал қувваозмоиро ба Маркус Найман аз Шветсия бохт. Сипас Комроншоҳ барои ҷойи севум аз Давид Кламмерт (Ҷумҳурии Чех) дар муддати 5 дақиқаю 20 сония бо баҳогузории “ваза-ари” шикаст хӯрд ва аз медали биринҷӣ бенасиб монд. Дар натиҷа паҳлавони тоҷик мақоми панҷумро касб кард.

Темур Раҳимов дар толори варзишие дар Душанбе.
Темур Раҳимов дар толори варзишие дар Душанбе.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Темур Раҳимов, ки дар вазни беш аз 100 кило рақобатро аз даври дувум шуруъ намуд, бар Еней Маринич аз Словения ғолиб шуд. Аммо дар даври чорякниҳоӣ аз рақиби номдору пуртаҷрибааш Ҳисаёши Ҳарасава шикаст хӯрд. Темур дар даври тасаллобахш бар Алишер Юсупов аз Узбекистон пирӯз шуд. Баъдан паҳлавони тоҷик барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Лукаш Крпалеки чех қувва озмуд. Лукаш дар муддати 2 дақиқаю 58 сония бо баҳогузории “иппон” ғолиб шуд ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Темур мақоми панҷумро азони худ кард.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа – 1-уми апрел – кори паҳлавони ҷавони тоҷик Шаҳбоз Саидаброров барор нагирифт. Ӯ бар асоси қуръакашӣ дар вазни то 60 кило ба рақобат аз даври дувум пардохт. Рақибаш намояндаи Туркия Солиҳ Йилдиз буд. Шаҳбоз дар муддати 2 дақиқаю 51 сония се огоҳӣ - “шидо” гирифт ва рақибаш бо баҳогузории “иппон” ғолиб дониста шуд. Ҳамин тариқ, Шаҳбоз аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2021” ҳамагӣ 432 варзишгар (263 мард ва 169 зан) аз 91 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок дошт.

Варзишгарон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Анталия ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллар, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда шуд.

Кӣ дар ҷойи чандум?

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Италия бо касби 2 медали тилло, 2 нуқра, 1 ҷойи панҷум ва ду ҷойи ҳафтум мақоми аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби Ҷопон бо касби 2 медали тилло, 2 нуқра, 1 ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум мақоми дувум ва мунтахаби Канада бо касби 1 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ва як ҷойи панҷум мақоми севумро гирифтанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби ду ҷойи панҷум дар байни 91 кишвар дар ҷойи 28-ум қарор гирифт.

Зимнан, “Antalya Grand Slam 2021” панҷумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон ба шумор мерафт. Натиҷаи беҳтарини бадастовардаи гуштигирони тоҷик дар мавсими имсола медали биринҷии Шаҳбоз Саидаброров дар мусобиқаи ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2021” мебошад, ки рӯзҳои 26-28-уми март дар пойтахти Гурҷистон барпо гардида буд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Antalya Grand Slam 2021:

Мардон

-60 кг
1. ВЕРСТРАЕТЕН Хорре (Белгия)
2. КЯР Валиде (Фаронса)
3. БУДА Ромарик Венд-Ям (Фаронса)
3. ЯНГ Юнг Вей (Тайбэй)

-66 кг
1. АБЕ Ҳифуми (Ҷопон)
2. ГАЙТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
3. ЧОПАНОВ Мурод (Русия)
3. ШОҲАЛИЗОДА Ният (Озарбойҷон)

-73 кг
1. БАЗИЛЕ Фабио (Италия)
2. КАНДЕМИР Байрам (Туркия)
3. МАРГЕЛИДОН Артур (Канада)
3. СТЕРПУ Виктор (Молдова)

-81 кг
1. АЛБАЙРАҚ Веда (Туркия)
2. ПАРЛАТИ Кристиан (Италия)
3. ФОТИЕВ Мурод (Озарбойҷон)
3. УНГВАРИ Аттила (Маҷористон)

-90 кг
1. НАЙМАН Maркус (Шведсия)
2. ТОТ Кристиан (Маҷористон)
3. КОЧМАН Ли (Исроил)
3. КЛАММЕРТ Давид (Ҷумҳурии Чех)

-100 кг
1. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)
2. ВОЛФ Аарон (Ҷопон)
3. АДАМЯН Арман (Русия)
3. МИНАСКИН Григорий (Эстония)

+100 кг
1. БАШАЕВ Тамерлан (Русия)
2. ҲАРАСАВА Ҳисаёши (Ҷопон)
3. ҲЕГЙИ Стефан (Австрия)
3. КРПАЛЕК Лукаш (Ҷуҳурии Чех)

XS
SM
MD
LG