Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали Шаҳбоз ва нокомии Комроншоҳ дар мусобиқаи ҷудо дар Тбилиси


Акс аз вебсайти Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Акс аз вебсайти Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2021", ки дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси – се рӯз идома кард, шоми якшанбеи 28-уми март ба поён расид. Дар ин мусобиқа ду паҳлавони тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён - ширкат доштанд. Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст овард, вале Комроншоҳ ноком шуд.

Шаҳбоз Саидабророви 21-сола, ки дар рӯзи аввали мусобиқа – 26-уми март - дар вазни то 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар ҷоизадори қаҳрамонии ҷаҳон-2019 аз Узбекистон Шарофиддин Лутфуллоев пирӯз шуд. Ӯ дар даври баъдӣ Каракизиди Савваи юнониро мағлуб кард. Вале Шаҳбоз дар чорякфинал аз намояндаи дигари Узбекистон – Комрон Нуруллоев - шикаст хӯрд.

Паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври тасаллобахш бар Олег Вередибаи украинӣ дастболо шуд. Сипас барои ҷойи севум бар рақиби 24-солаи пуртаҷрибааш Торнике Тсҷакадоеа (Ҳолланд) ғолиб омад ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило рӯзи охирини мусобиқа – 28-уми март - рақобатро аз даври дувум шуруъ кард. Рақибаш Матиас Куусик аз Эстония буд, ки ӯро ба осонӣ шикаст дод. Вале Комроншоҳ дар даври баъдӣ аз Ли Кочмани исроилӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2021” 441 варзишгар (241 мард ва 200 зан) аз 80 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат дошт.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойҳои севум 500 имтиёз дода шуд.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Гурҷистон бо касби 2 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Канада бо касби 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми дувум ва мунтахаби Муғулистон бо касби 2 медали тилло ва 2 биринҷӣ мақоми севумро соҳиб шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали биринҷӣ дар байни 80 кишвар дар ҷойи 21-ум қарор гирифт.

Зимнан, “Tbilisi Grand Slam 2021” чаҳорумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон ба шумор мерафт.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Tbilisi Grand Slam 2021”:

Мардон

-60 кг
1. НОЗАДЗЕ Темур (Гурҷистон)
2. НУРУЛЛОЕВ Комрон (Узбекистон)
3. ҲУСЕЙНОВ Камарат (Озарбойҷон)
3. САИДАБРОРОВ Шаҳбз (Тоҷикистон)

-66 кг
1. НУРУЛЛОЕВ Сардор (Узбекистон)
2. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)
3. ҲАНБОЛД Ҳерлен (Муғулистон)
3. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)

- 73 кг
1. ТСЕНД-ОЧИР Тсогтбаатар (Муғулистон)
2. МАҶЕЛИДОН Артур (Канада)
3. МАМИАШВИЛИ Алеко (Гурҷистон)
3. ШАВДАТУАШВИЛИ Лаша (Гурҷистон)

-81 кг
1. ЧУЧИ Сами (Белгия)
2. БОРЧАШВИЛИ Шамил (Австрия)
3. ФАТИЕВ Мурод (Озарбойҷон)
3. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)

-90 кг
1. НАЙМАН Maркус (Шведсия)
2. МУНГАЛ Николас (Италия)
3. ГАНТУЛГА Алтанбагана (Mуғулистон)
3. БОБОНОВ Давлат (Узбекистон)

-100 кг
1. ИЛНАҲАС Шодӣ (Канада)
2. СУЛАМАНИДЗЕ Иля (Гурҷистон)
3. ДВАРБИ Ёаким (Шведсия)
3. НИКИФОРОВ Тома (Белгия)

+100 кг
1. ЗААЛИШВИЛИ Гела (Гурҷистон)
2. СИЛВА Рафаэл (Бразилия)
3. САРНАКИ Макиеҷ (Лаҳистон)
3. ГРАНДА Энди (Куба)

XS
SM
MD
LG