Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар Анталия маълум шуданд


Паҳлавони номдори тоҷик Темур Раҳимов (аз рост).
Паҳлавони номдори тоҷик Темур Раҳимов (аз рост).

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо " ", ки имруз, 1-уми апрел, дар Анталияи Туркия оғоз мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар -- Шаҳбоз Саидаброров, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2021" иштироки 440 варзишгар (269 мард ва 171 зан) аз 93 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 1-уми апрел – Шаҳбоз Саидаброров бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дуюм мепардозад. Рақиби ӯ Солиҳ Йилдиз аз Туркия мебошад.

Ду паҳлавони дигари тоҷик дар рӯзи охирини мусобиқа – 3-юми апрел - қувваозмоӣ хоҳанд кард. Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал бо Адам Борчашвили аз Австрия вориди рақобат мешавад. Темур Раҳимов бошад, дар даври аввал озод аст. Вай дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Лука Кунзабо (Руминия) – Энеҷ Маринич (Словения) рақобат хоҳад кард.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойҳои севум 500 имтиёз дода мешавад.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллар, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, "Antalya Grand Slam 2021" панҷумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад.

Дастоварди беҳтарини варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти имсола медали биринҷии Шаҳбоз Саидаброров ба шумор меравад. Ин паҳлавони 21-солаи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2021", ки 28-уми март дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси – ба поён расид, дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило мақоми севумро касб намуд.

Бояд гуфт, ки муҳлати системи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио 28-уми июн ба анҷом мерасад. То он вақт варзишгарони тоҷик имкон доранд, ки ба ҷуз аз мусобиқаи Анталия, аз 6-ум то 9-уми апрел дар қаҳрамонии Осиё дар Бишкеки Қирғизистон, аз 5-ум то 7-уми май дар Grand Slam дар Қазони Русия ва аз 6-ум то 13-уми июн дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешти Маҷористон ширкат варзанд.

Пас аз натиҷагирии ҳамаи ин мусобиқаҳо шакли ниҳоии радабандии олимпӣ нашр мешавад, ки тибқи он 18 нафари аввали ҳар дараҷаи вазнӣ бо дарназардошти дар як вазн як варзишгар аз ҳар Кумитаи миллии олимпӣ, инчунин тариқи радабандии қитъавӣ (аз қораи Осиё 10 нафар) ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро доранд, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол доир мешавад.

XS
SM
MD
LG