Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон пешниҳоди лағви тадриҷии таҳримоти Амрикоро рад кард


Иншооти атомии Натанз дар Эрон дар акси моҳвораӣ.
Иншооти атомии Натанз дар Эрон дар акси моҳвораӣ.

Вазорати умури хориҷии Эрон пешниҳоди “қадам ба қадам” бардоштани таҳримот ба зидди ин кишварро рад кардааст. Саид Хатибзода, сухангӯи вазорат рӯзи 3-уми апрел дар гуфтугу бо телевизиони давлатии “Пресс ТВ” гуфт: “Сиёсати қатъии Ҷумҳурии Исломии Эрон ин аст, ки тамоми таҳримоти Амрико бардошта шаванд.”

Ҷейлин Портер, яке аз сухангӯёни вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида рӯзи 2-уми апрел гуфт, дар гуфтугуҳои ҳафтаи оянда дар шаҳри Вена дар бораи эҳёи созиши атомии соли 2015 тамаркуз ба “иқдомоти зарурии Эрон барои бозгашт ба иҷрои меъёрҳои созиш” хоҳад буд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико соли 2018 кишварашро якҷониба аз ин созиши байналмилалӣ берун кард ва таҳримоти нафасгиркунандаи иқтисодӣ ба зидди Эронро баргардонд. Эрон ҳам дар ҷавоб ба ин ба тадриҷ аз иҷрои талаботи созиш даст кашид ва дигарбора ба ғанисозии ураниуми ғализ оғоз кард.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури феълии Амрико ишора кардааст, ки омодаи бозгардонидани Амрико ба созиш аст, вале ҳукуматаш мегӯяд, аввал Эрон бояд дигарбора муқаррароти созишро иҷро кунад. Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Оҷонси атомии Эрон рӯзи 2-уми апрел гуфт, ки кишвараш аз гуфтугуҳои Вена хушбин аст, ки онҷо ҳайатҳои Амрикову Эрон музокироти ғайримустақим хоҳанд дошт.

Ӯ гуфт: “Мо дар остонаи берун шудан аз бунбаст ҳастем.” Пештар аз ӯ Нед Прайс, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, гуфтугуҳои Вена “як қадами солим ба пеш аст.”

XS
SM
MD
LG