Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайрандеш: "Худоё, чӣ ҳол аст, ин?"ВИДЕО


Хайрандеш мегӯяд, ҳеҷ гоҳ бо нияти "косалесиву чоплусӣ" мадҳия нанавиштааст.

Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов), шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 4-уми апрел 60-сола мешавад. Радиои Озодӣ дар арафаи ҷашни зодрӯзаш бо ӯ суҳбате анҷом дод ва нахуст пурсид, ки имрӯзҳо саргарми чӣ корҳое ҳаст?

Хайрандеш: "Ин шабу рӯз ба гузаронидани маҳфилҳоям бандам. Дар ду ҷо кор мекунам, дар Китобхонаи миллӣ роҳбари маҳфили "Ҳамешабаҳор" ва сармуҳаррири нашрияи кӯдаконаи “Пайрав” ҳастам. Бо расидан ба синни 60 як бор ба қафо, ба гузашта нигариста тамоми эҷодиётамро аз назар гузаронидам. "

Радиои Озодӣ: Ба 60 соли гузашта нигоҳ кардед, чӣ эҳсос доштед, ҳадафу нияте доштед, ки ба он нарасидед?

Хайрандеш: "Дар хурдӣ бисёр ҳаваси шоир шудан доштам, тавре ки ҳоло кӯдакон ба як завқу шавқ ба маҳфил меоянду мехоҳанд, шоир шаванд. Дар кӯдаки ҳис мекардам, ки ба сатҳи классикон шоир намешавам, лекин шоири миёна шуданро орзу мекардам. Ҳоло вақте муқоиса мекунам дар ҳақиқат шоири миёна, гоҳе аз миёна боло гоҳе аз миёна поён ҳастам, яъне ба орзуи кӯдакиям расидам. "

Хайрандеш: "Худоё, ин чӣ ҳол аст ин"?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:00 0:00

Радиои озодӣ: Чунин баҳогузориро бо худ бар асоси чӣ ва чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Хайрандеш: "Бар асоси хондани осори классикон ва шоирони имрӯз. Вақте осори классиконро пайваста мехонед, осори адибони маъруфи Эрону Афғонистонро мехонед, осори ҷавонҳое, ки ҳоло пайдо шудаанду сухани нав мегӯянд, мехонед, ҳамаи инро мебинед, ҳис мекунед, ки шеъри ту дар кадом сатҳ аст, то куҷо самимиву бо нишон расидани суханро низ эҳсос мекунед. "

Радиои Озодӣ: Дар ду ҷо кор мекардаед, ҳоло барои як шоир дар идораи давлатӣ кор кардан ва ҳамзамон ба корҳои эҷодӣ машғул шудану баргузории маҳфилҳо мушкил нест?

Хайрандеш: "Не, то ба китобхона омадан, муддати 30 сол маҳфилҳо баргузор мекардам, маҳфилҳо ин шавқи худам буд, бидуни маблағу ягон манфиати дигар мегузаронидам, ҳоло дар Китобхонаи миллӣ маҳфилҳо ба чорабиниҳои фарҳангии ин ниҳод дохил мешаванд. Дар Китобхонаи миллӣ маҳфили "Ҳамешабаҳор"-ро ҳар чаҳоршанбе ва маҳфили "Равшандилон"-ро, ки барои афроди маъюб аст, моҳе як бор баргузор мекунам. "

"Бо китоби Ҳофизу Бедилу Саъдӣ маҳфил гузарондам"

Радиои Озодӣ: Гоҳе аз ширкати ками сокинон дар театру китобхонаҳо гуфта мешавад, ҳузури дӯстдорони шеър дар маҳфилҳои Шумо чӣ гуна аст?

Хайрандеш: Ба "Ҳамешабаҳор", ки дар гузашта Хайрандеш ном дошт афроде, ки ишқ ба адабиёт доранд, меоянд. Пештар гоҳе шудааст, ки 8-10 нафар омадааст, ҳоло то бештар аз сад нафар низ меоянд.

Радиои Озодӣ: Боре шудааст, ки касе наомада бошад?

Хайрандеш: "Бале, як маврид дар шаҳри Кӯлоб, боре дар Қурғонтеппа. Ёд дорам, ки худам ба танҳоӣ маҳфилро гузаронидам. Китоби Ҳофиз, Бедил, Саъдиро мондаму ду соат бо ҳаминҳо маҳфилро гузаронидам. Аз ашъори ҳар кадомаш мехондам, мисли маҳфил ба онҳо сӯҳбат мекардам. Ин одат шудааст, агар ҳеҷ кас низ наояд руҳафтода намешавам."

Шарҳи мухтасари ҳол

Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов) 4-уми апрели соли 1961 дар рустои Чагами болои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар соли 1977 ва як соли раҳбарӣ дар маҳфили хониши адабии Хонаи пионерони шаҳри Қурғонтеппаи собиқ, Бохтари феълӣ соли 1978 ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ дохил шуда, соли 1983 онро хатм кардааст.

Сардабири чандин нашрияҳои соҳавӣ буда ва солҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Муассиси маҳфили “Хайрандеш” ва Маркази тоҷикшиносӣ аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Узви Иттифоқи нависандагон, аълочии матбуот, маориф ва фарҳанг аст.

Муаллифи асари «Хайробод» мебошад, ки китоби якумаш соли 2005 дар Эрон, китоби дувумаш соли 2004 дар Тоҷикистон интишор ёфтааст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Зиёратнома» (1993), «Сад қатра ашк» (1994), «Замзама» (1996), «Хайробод» (2004), «Тоҷикнома» (2006), «Чархофалак» «Ғазалпайванд» мебошад. Се фарзанд дорад.

Радиои Озодӣ: Чун сухан аз маҳфилҳо шуд, яке аз маҳфилҳои "Ҳамешабаҳор"-и Шумо дар ҳоле гузашт, ки дар болои зинапояҳои Китобхонаи миллӣ менишастеду хонандагон дар поён. Оё шоирон бояд дар байни мардум набошанд, боло бошанд?

Хайрандеш: "Даҳҳо бор чунин шудааст ва он ҷо низ ҳалқаи мардум аст. Гап сари ин аст, ки аз баландӣ ҳамаро мебинед, он баландиро Худо додааст, чӣ хел истифода набарам. Он ҷо истодан маънии аз мардум дур шуданро надорад. Бе халқ намешавад, шоир бояд дар миёни мардум бошад. "

Дар бораи шоирони зиёду олимони кам

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, шоир зиёд шудааст, олиму технократ кам, назаратон чист?

Хайрандеш: "Не, шоир бисёр нест, шояд ҳазор шоир дорем, ё на. Барои аҳолии беш аз 9 миллион нафара ин зиёд нест, лекин ман мехоҳам, дар ҳама чиз як меъёре бошад. Масалан, барои ба узвияти Иттифоқи нависандагон шудан бояд як меъёри муайян бошад, барои ин як вақтҳо 7 меъёр пешниҳод карда будам. "

Радиои Озодӣ: Пешниҳодҳоятон қабул шуданд?

Хайрандеш: "Не, расман набуд, аз тариқи газет буд, ният дорам расман пешниҳод кунам."

Радиои Озодӣ: Метавонед чанде аз онҳоро номбар кунед?

Хайрандеш: Яке аз онҳо ин санҷиши вазну қофия аст. Аз ҳамин вазн хоҳишмандони зиёде меафтанд. Масалан 4-5 шоир ба ҳамон нафаре, ки мехоҳад, узви Иттифоқи нависандагон шавад мавзӯъ не, балки калимаҳои аз ҳам дурро пешниҳод мекунад, ба мисли ситора, санг, дарахт ва ним соат вақт медиҳад, ки дар атрофи як мавзӯи озод ҳамин калимаҳоро истифода барад. Маълум мешавад, ки дар чанд ҷо вазнро вайрон мекунад. Дигар ин ки сатҳи донишу огоҳии довталаб аз осори адабони классику муосир пурсида шавад. Дар ним соат мефаҳмед, ки зеҳнаш то куҷо инкишоф ёфтааст ва шоҳиди он мешавед, ки шеърашро худаш навиштааст ё на. Хуб мешавад, агар меъёрҳои ба узвияти Иттифоқи нависандагон дохил шудан, бознигарӣ шавад. Шояд меъёрҳое бошад, вале ман намедонам."

Баҳо ба кори Иттифоқи нависандагон

Радиои Озодӣ: Чун сухан аз Иттифоқи нависандагон рафт, баҳои Шумо ба кори ин ниҳод чӣ гуна аст?

Хайрандеш: "Як муддат норизоиҳо буд, ҳоло ҳис мешавад, ки пешравӣ ҳаст ва бовар дорам, оянда боз беҳтар мешавад."

Радиои Озодӣ: Агар раёсати онро бар дӯшатон гузоранд, чӣ ислоҳоте ворид мекунед?

Хайрандеш: "Ин саволро дар 50-солагиям медодед, шояд ҷавоби хубтар медодам, дар 60-солагӣ дигар чунин ният надорам."

Радиои Озодӣ: Не, барои мисол, фарз кардем раҳбари ин идора мешудед?

Хайрандеш: "Инро кадом вақте раҳбар шавам, баъд мегӯям, лекин гуфтам ку, дар ин синн дигар мақсад надорам. "

Радиои Озодӣ: Баҳои Шумо ба эҷодиёти шоирони насли нав чӣ гуна аст?

Хайрандеш: "Мусбат аст, бисёр хурсандам, ки ҷавонони эҷодкори боғайрате дорем, ки бо суханҳои нав ба адабиёт қадам мегузоранд."

"Бо шоирӣ дар Тоҷикистон бой намешавед"

Радиои Озодӣ: Як шоир метавонад бо навиштани шеъру таҳияи китобҳояш зиндагияшро пеш барад?

Хайрандеш:"Ба андешаи ман не, шояд, ки дар Аврупо, дар Амрикову Русия шавад, лекин дар мо намешавад. Дар муҳити мо агар гӯем, ки ман шоир мешавам, нависанда мешавам, рӯзгорамро пеш мебарам, ё бой мешавам, чунин намешавад."

Радиои Озодӣ: Шеър чист? Саргармкунанда ё таблиғгар, муттаҳидкунанда ё ҷудоиандоз?

Хайрандеш: "Ҳамаи ин гуфтаҳо ҳаст, шеър ин як яроқ аст, ки одамон метавонанд, ҳар гуна истифода кунанд, лекин, агар дунё, зиндагӣ аз бадӣ ва некӣ иборат аст, шеърро барои некӣ, ободӣ, муттаҳидию хушбахтӣ истифода кунем, беҳтар аст."

"Бо нияти косалесӣ ва чоплусӣ мадҳия нанавиштаам"

Радиои Озодӣ: Вале гоҳе нигарониҳо мешавад, ки на ҳамеша шоирон мушкилоти зиндагии мардум тариқи шеър баён мекунанд. Масалан, дар бораи мадҳиясароии шоирон баҳсҳо мешавад, хусусан дар васфи мансабдорон, аз қабили раисону вазирону президент, назаратон чист? Худи Шумо боре мадҳия навиштаед?

Хайрандеш: "Бале, хеле зиёд. Зиндагӣ маҷбур мекунад, ки бинависед, ҳар як одам паҳлуи мусбату манфӣ дорад. Дар дунё одаме нест, ки хато надошта бошаду худро фаришта тарошад. Вобаста ба шароит мешавад дар ҳолатҳое, ки меафтӣ, масалан як паҳлуи мусбатеро, ки васф кардиву ба дигар инсонҳо маъқул мешавад, онро мешавад навишт. Дар ин чиз касеро гунаҳкор карда намешавад. Ҳофизи Шерозӣ "Лисон - ул - ғайб" буд, бубинед, дар девонаш бо 17 подшоҳ мадҳия дорад, ин анъана буд ва албатта ман низ дорам, бе ин намешавад. Гоҳе зиндагӣ маҷбур мекунад, гоҳе хоҳиши худат аст, лекин ҳеҷ вақт бо нияти “косалесиву патхалимӣ” нанавиштаам. "

Радиои Озодӣ: Дар як шеъратон, аз ҷумла мегӯед,

Ҳар куҷо шӯхеву шайтонест, дорад эътибор,
Оҳ, Хайрандеши мо ҳам шуху шайтон мешавад.

Каме шарҳ медодед, ки маънии ин мисараҳо воқеияти имрӯзи ҷомеаи мост?

Хайрандеш: "Ин ғазал тақрибан дар давраи нооромиҳои кишвар навишта шуда буд, лекин дар ҳар давр чунин аст, аз ҳамон давраи Рӯдакӣ сар кунем, то ҳол чунин ҳолатҳо аст. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ бисёр аст. Ин як танз аст, киноя аст, кинояест, ки бо гуфтанаш худро каме сабук ҳис мекунӣ. "

"Аз танзҳоям ранҷидаанд"

Радиои Озодӣ: Боре аз ягон шеъратон, ки бо танз гуфта шудааст, нафаре нороҳат шудааст?

Хайрандеш: "Бале, ранҷидаанд, қаҳриям шудем."

Радиои Озодӣ: Кадом шеър ва кӣ аз Шумо ранҷид?

Хайрандеш: "Биёед беҳтараш ба ёд наорем. "

Радиои Озодӣ? Чаро намехоҳед ёдоварӣ кунед?

Хайрандеш: "Не, акнун баъди 60-солагӣ мехоҳам, шеърҳои ҷиддӣ нависам."

Радиои Озодӣ: Шумо замоне хостед, шеър бо лаҳҷа гуфта шавад, чаро ба ин роҳ то охир нарафтед?

Хайрандеш: "Ман ҳеҷ вақт нахостам, ки шеър бо лаҳҷа гуфта шавад, лекин дар роҳ рафта истодаед, бо забони халқӣ, бо забони фолклорӣ, бо лаҳҷаи ширини кӯлобӣ ягон чиз меояд, чӣ хел онро наменависед? Нагуфтам, ки хос бояд ҳама бо лаҳҷа гӯянд, балки гуфта будам, ки аз лаҳҷа низ бояд ор накунем."

Радиои Озодӣ: Бо шеъру шоирон мефахрем, вале мегӯянд, як шоири сатҳи ҷаҳонӣ надорем, чаро?

Хайрандеш: "Не, мо шоиру нависандагони сатҳи ҷаҳонӣ дорем. Бисёр шоирону нависандагони боқувват доштем ва имрӯз ҳам дорем. "

"Шоирони сатҳи ҷаҳонӣ дорем"

Радиои Озодӣ: Метавонед аз шоирону нависандагони имрӯз нафареро номбар кунед?

Хайрандеш: "Масъала ин аст, ки мо таблиғу ташвиқоти хуб надорем, агар таблиғу ташвиқи хуб дошта бошем, шоирони сатҳи ҷаҳониро дорем, шоирону нависандагони сатҳи ҷаҳониро мехонем, лекин худамон худамонро дида наметавонем, ё дида ҳам тавонем, ташвиқ карда наметавонем. Масалан, Рустами Ваҳҳобро чӣ хел дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул накунанд? Ё Фарзонаро чӣ хел дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул накунанд. Озарро чӣ хел дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул накунанд, бисёр дорем, фақат муттаҳид шудан лозим ва онҳоро муаррифии бештар кардан даркор. Яке аз камбудиҳои рақами яки мо ҳамин нашинохтани худ ва ташвиқ накардан аст. "

Радиои Озодӣ: Чӣ нақшаҳо доред?

Хайрандеш: "Зиёданд нақшаву ниятҳо, масалан охирон китоби ғазалиётам бо номи “Ҳамешабаҳор” аз чоп баромад ва нақша дорам, 6 китоби дигар бо ҳамин ном ба табъ расонам, ки дар онҳо низ шеъру андешаҳои ахлоқӣ оварда мешаванд. Масалан, китоби дигарам бо чунин ном шояд охирҳои моҳи апрел дастраси сокинон шавад. Дар он андешаҳои ахлоқию иҷтимоӣ ва фалсафӣ хоҳад буд. Худо хоҳад, то ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишвар дастрас мешавад."

Шарҳҳоро бинед (33)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG