Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо муҳоҷир дар тазоҳуроти назди сафорати Тоҷикистон боздошт шуданд


Акс аз эътирози рӯзи 2-уми апрел дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия
Акс аз эътирози рӯзи 2-уми апрел дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия

Пулиси Маскав даҳҳо муҳоҷири тоҷикро, ки бо талаби озодии Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар назди сафорати Тоҷикистон бо нишони эътироз ҷамъ омада буданд, боздошт кардааст.

Наздики 200 тан аз муҳоҷирон рӯзи 2‑уми апрел назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омаданд ва дар наворҳое, ки аз ин маҳал дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, онҳо талаби раҳоии Иззат Амон аз боздошт дар Душанберо доранд.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик рӯзи 25‑уми март дар Маскав нопадид шуд. Чанд рӯз баъд мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ бо ҷурми қаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд ва ҳангоми ихроҷ аз Русия дар Душанбе боздошт шуд.

Дар наворҳои видеоие, ки эътирозгарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, дида мешавад, пас аз чанд лаҳза кормандони пулиси Маскав онҳоро боздошт намуда, дар автобусҳо мебаранд.

Дар сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “баъди муроҷиати пайдарпайи гурӯҳҳои мухталифи зиддиҳукуматӣ ба муҳоҷирон дар Русия ва муроҷиат дар масҷиди "Проспект мира"‑и шаҳри Маскав як гурӯҳ баъди намози ҷумъа талош карданд, ба назди сафорат биоянд”.

“То сафорат нарасида Ходимони ҳифзи қонун барои таҷаммӯи ғайриқонунӣ онҳоро пароканда карданд ва бархе дастгир шуданд”,‑‑ гуфтанд дар сафорат.

Намояндагони сафорат ин эътирозро ғайриқонунӣ номида, мегӯяд, онҳое, ки фирефтаи чунин даъват шудаанд, “барои вайрон кардани қонун ҷазо мегиранд ва аз хоки Русия ихроҷ мешаванд”.

Як тан аз муҳоҷирон бо шарти зикр нашудани номаш дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як автобус ҳудуди 30 тан аз онҳоро ба боздоштгоҳ овардаанд. Вале хабаргузории Ройтерз ба нақл аз пулиси Маскав шумораи боздоштшудагонро 60 нафар гузориш додааст.

Пулиси Маскав мегӯяд, гирдиҳамоӣ бе ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти шаҳрдории Маскав баргузор шуда, ғайриқонунист. Яке аз муҳоҷироне ки дар эътирози назди сафорат ширкат доштааст, гуфт, “баъди намози ҷумъаи имрӯз тасмим гирифтем, ки дар назди сафорат эътироз кунем”.

“Вақте мо ба назди сафорат омадем ва дархост кардем, ки намояндаи сафорат ба наздамон ояд, як нафар омад ва гуфт 15 дақиқа сабр кунед, ба наздатон меоем, вале баъди 15 дақиқа атрофи мо пулисҳо ҷамъ шуданд. Мумкин аз сафорат онҳоро даъват карданд ва бо зур муҳоҷиронро, тақрибан дар 7 автобус бор карданду бурданд, дигар намедонем ба онҳо чӣ шуд”,‑‑гуфт ӯ.

Даъват барои эътироз ба хотири раҳоии Иззат Амон дар Русия чанд рӯз боз идома дорад.

Аз замоне, ки мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ӯро боздошт кардаанд, макони нигаҳдориаш маълум набуд.

Муҳаммадюсуф Холов, писари ӯ рӯзи 30‑юми март гуфт, ки бо падараш дар боздоштгоҳи ВКД ним соат мулоқот кардааст ва феълан вазъи саломати ӯро "хуб" арзёбӣ мекунад. Ӯ гуфта буд, ки мақомот ваъдаи раҳоии падарашро додаанд. Чанде аз муҳоҷирони эътирозгар гуфтанд, ба ваъдаи мақомот бовар надоранд.

Иззат Амони 48-сола, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскав, сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла дар масъалаи муҳоҷират ва эҷоди маҳдудиятҳои баёну ақидаро танқид мекард.

Ҷонибдоронаш пас аз нопадид шудани ӯ навори аз қабл сабтшудаи ӯро нашр карданд, ки Иззат Амон дар он иддао кардааст, ки дастикам ним сол таҳти таъқиб қарор дошт ва ӯро "бо фармоиши мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе мефиристанд".

Ӯ дар идомаи суҳбати видеоӣ, ки шоми 25-уми март дар Ютуб гузоштанд, гуфтааст, аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дорад, вале чанд рӯз пеш шиносномаи ӯро беэътибор эълон карданд.

Аз ин пеш додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав Иззат Амонро ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” гунаҳкор карда буд. Ин қарори додгоҳ рӯзи 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ҳукми иҷро гирифтааст. Қаблан Иззат Амон гуфта буд, ки аз соли 1996 шаҳрванди Русия аст.

Мақомоти Русия то кунун чанд нафар аз тоҷикони бонуфузро дар Русия боздошт ва аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кардаву ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Соли 2017 шаҳрвандии Каромат Шарипов, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бекор ва худи ӯ ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Шарипов баъди беш аз ду соли талоши бенатиҷаи бозгашт ба Русия, моҳи майи соли 2020, дар 57-солагӣ дар Тоҷикистон вафот кард.

Охири соли 2020 Додгоҳи ноҳияи Советии шаҳри Самараи Русия роҳбари маркази тоҷикон – "Пайванд" Саидасрор Мирзоевро ба риоя накардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор ва ба ихроҷ аз қаламрави ин кишвар маҳкум кард.

Курсии Иззат Амон дар маркази кумак ба муҳоҷирон холист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
Ҳамсари Иззат Амон то ҳол дар бораи макони буду боши шавҳараш маълумот надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:11 0:00

XS
SM
MD
LG