Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди шуруи даргирӣ дар Донбасс, ИМА неруҳояшро ба ҳолати омодабош даровард


Ҳавопаймои НАТО
Ҳавопаймои НАТО

Дар пайи дубора авҷгирии тирпарронӣ дар марзи Украина бо Русия, ИМА неруҳои мустақар дар Аврупоро ба ҳолати ҷангӣ даровардааст.

Дар ин бора нашрияи Politico бо такя ба манобеи расмии ИМА хабар медиҳад.

Ба иттилои нашрия, рӯзи 1 март ҳавопаймоҳои тирандози НАТО, дар посух ба чанд парвози тирандозҳо ва бомбафканҳои Русия дар наздики марзҳои эътилоф, 10 маротиба парвоз кардаанд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин дар суҳбати телефонӣ бо вазири мудофиаи Украина Андрей Тарану гуфтааст, ки дар сурати "авҷгирии хушунати Русия" дар Донбасс, ИМА омодаи кӯмак ба Украина ҳаст.

Узви Шӯрои федеролии Русия аз Қрим Сергей Сетков гуфт, изҳороти вазорати мудофиаи Украина дар бораи пуштибонии ИМА "қобили эътимод нест".

Сетков афзуд, ки шуруъи ҷанг танҳо аз сӯи Украина эҳтимол дорад.

XS
SM
MD
LG