Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ва Эрон бозгашти ИМА ба созиши ҳастаиро баррасӣ мекунанд


Муассисаи тавлидкунандаи оби сангин дар шаҳри Ароқ, 250-километрии ҷанубуғарби Теҳрон - яке аз корхонаҳои ҳастаии Эрон ба шумор меравад
Муассисаи тавлидкунандаи оби сангин дар шаҳри Ароқ, 250-километрии ҷанубуғарби Теҳрон - яке аз корхонаҳои ҳастаии Эрон ба шумор меравад

Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки Эрон ва гурӯҳи иборат аз қудратҳои ҷаҳонӣ рӯзи 2-юми апрел дар бораи эҳтимоли бозгашти ИМА ба созиши ҳастаии соли 2015 як ҷаласаи онлайнӣ баргузор мекунанд. Вашингтон аз ин ташаббус дастгирӣ кард ва гуфт, ки омода аст барои бозгашт ба созиш “қадами ҷавобӣ” гузорад. Дар ҷаласаи видеоии онлайнӣ намояндагони Чин, Фаронса, Олмон, Русия, Бритониё ва Эрон ҳамчун имзогузорони созиш иштирок мекунанд. Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо рӯзи 1-уми апрел гуфта шудааст, ки “ширкатдорон дурнамои имконияти бозгашти ИМА ба “созиши калидии ҳастаӣ” ва ҳам роҳҳои “иҷрои пурраву муассири онро аз тарафи ҳама ҷонибҳо” баррасӣ хоҳанд кард. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА дар сӯҳбат бо журналистон рӯзи 1-уми апрел гуфт, “мо, бешубҳа, ин иқдомро мусбат арзёбӣ мекунем”.

XS
SM
MD
LG