Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гуфт, робитаҳо бо Ғарб ба поинтарин сатҳ расидааст


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи панҷшанбеи 1-уми апрел гуфт, робитаҳои ин кишвар бо Амрико ва муттаҳидонаш ба поинтарин сатҳ расидааст ва ҳанӯз маълум нест, ки сафири Русия кай ба Вашингтон бармегардад.

Русия пас аз он сафираш дар Вашингтонро фаро хонд, ки Ҷо Байден, президенти Амрико дар посух ба ин пурсиш, ки оё Владимир Путинро "қотил" медонад ё не, посухи мусбат дод. Лавров ин суханронии Байденро "нороҳаткунанд" хонд ва гуфт, бо ҳамин сабаб, Русия маҷбур шудааст, ки муносибати кишвараш бо Амрикоро бознигарӣ кунад.

Ӯ ҳамчунин аз инки, Вашингтон пешниҳоди Путин барои барқарории тамос бо раиси ҷумҳури Амрикоро рад кардааст, ибрози таассуф кард ва гуфт, "ин пешниҳод ба ҳадафи коҳиши таниш ва ҳолати пешомада дар атрофи суханони оқои Байден матраҳ шуда буд".

Вазири умури хориҷии Русия дар бахши дигаре аз суханони худ, ки аз телевизиони давлатии ин кишвар пахш шуд, гуфт, ҳарчанд муносибатҳо ба поинтарин сатҳ расидааст, аммо хушбахтона ҳар ду тараф ба хубӣ огоҳанд, ки доман задан ба танишҳо чӣ хатарҳо дар пай хоҳад дошт. Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки дар ниҳоят, "ақли солим" дар пешбурди муносибатҳои ду кишвар ғолиб меояд.

Сергей Лавров афзуд, ки тасмими ниҳоиро дар мавриди бозгашти сафири нави Русия ба Вашингтон, президент Путин хоҳад гирифт

Раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар суханони ахири худ таъкид карда буд, ки даврони "имтиёз додан ба Путин" ба поён расидааст. Ҷо Байден дар чанд маврид талош кардааст фарқи сиёсатҳои ҳукуматаш бо замони Доналд Трампро, ки аз рӯёрӯии мустақим бо Путин худдорӣ мекард ва маъмулан аз ӯ ситоиш мекард, мушаххас кунад.

Ҳукумати Ҷо Байден ваъда додааст, ки дар вокуниш ба ҳамлаҳои кибернетикии густурда ба Амрико ва талоши Маскав барои мудохила дар интихоботи ахири президентии ИМА, ба зудӣ таҳримҳо алайҳи Русия ҷорӣ кунад.

Ҳафтаи гузашта ниҳодҳои истихборотии Амрико гузориши 15-саҳифаӣ аз мудохилаҳои Русия дар интихоботи моҳи ноябри Амрико нашр карданд. Бар асоси ин гузориш, ҳукумати Русия талош кардааст маълумоти ғалатро дар мавриди Ҷо Байден нашр кунад, то имкони пирузии ӯро дар рақобат бо Доналд Трамп коҳиш диҳад.

Муносибатҳои Русия бо Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бинобар ғасби нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014, дахолати Маскав дар интихоботҳои кишварҳои дигар, ҳамлаҳои кибернетикӣ ва заҳролуд кардани Алексей Навални тира шудааст ва аз замони Ҷанги Сард то кунун ба поинтарин сатҳ расидааст.

Сергей Лавров дар бахши дигаре аз суханонаш таъкид кардааст, ки сиёсати фишор бар Русия "ба ҳеҷ ваҷҳ муваффақиятомез нахоҳад буд". Ӯ Иттиҳоди Аврупоро масъули сардии муносибатҳо хонд ва иддао кард, ки ҳукумати Русия ҳеҷ гоҳ дар пайи эҷоди ихтилоф байни кишварҳои узви ин иттиҳодия набудааст. Вазири умури хориҷии Русия гуфт, "мо ҳамеша барои беҳбуди муносибатҳо бо Аврупо омодаем, аммо ин омодагӣ бояд дуҷониба бошад".

Сергей Лавров ин иддаоро рад кард, ки Русия аз содир кардани энержӣ ба Аврупо ҳамчун як абзори сиёсӣ истифода мекунад ва афзуд, "ҳатто агар Ғарб таҳримҳо алайҳи Русияро сахттар кунад, мо ҳеҷ гоҳ коре нахоҳем кард, ки мардуми Аврупо аз сармо ях кунанд".

Ӯ бо ишора ба тақвияти робитаҳои Русия ва Чин таъкид кард, ки ҳадафи Пекин ва Маскав ташкили иттиҳоди низомӣ ва ё эҷоди ҷабҳаи муттаҳид алайҳи Ғарб нест. "Мо ба иттиҳоди низомӣ дар шакли классикии он мисли НАТО ниёзе надорем",-афзуд Лавров.

XS
SM
MD
LG