Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи байни Риштону Сӯхи Узбекистон тавассути Қирғизистон боз шуд


Маросими боз шудани роҳи Сӯх.
Маросими боз шудани роҳи Сӯх.

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон, дар масири Сӯх-Риштон, ки ҷазирақаламрави Сӯхро бо Узбекистон мепайвандад, рӯзи 1 апрел гузаргоҳи марзии "Кайтпас" ва "Отукчу" боз шуд. Дар ин маросим афроди расмии ду кишвар ширкат варзиданд.

Ба иттилои расонаҳо, ин масир ҳамакнун барои убури нақлиёти сабукраву мусофирбар ва одамон боз аст. Убури нақлиёти борбар ҳанӯз иҷоза нашудааст.

Дар мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон бо Узбекистон, ки рӯзҳои 24-25 март дар шаҳри Тошканд сурат гирифт, тасмим шуд, ки бархе аз монеаҳои марзӣ бардошта шаванд.

Ба ин тартиб, роҳи самти ноҳияи Сӯх тавассути Риштон рӯзи 1 апрел боз шуд. "То ин дам агар барои ворид шудан ба ин ноҳия мебоист 80 км роҳро тай кард, акнун ҳамагӣ 19 км масирро тай кардаву ба Сӯх хоҳем расид", - хабар дод Хайрулло Бозоров, ҳокими вилояти Фарғонаи Узбекистон.

Роҳи Сӯх-Риштон дар соли 2013, дар натиҷаи низое дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон баста шуда буд.

Ноҳияи Сӯхи Узбекистон ҳамчун ҷазирақаламраве дар вилояти Бодканди Қирғизистон қарор дорад. Барои ворид шудан ба Сӯх мебояд, 20 км марзи Қирғизистонро тай кард.

Сокинони ҷазирақаламрав шаҳрвандони Узбекистон, аммо тоҷиктабор ҳастанд.

XS
SM
MD
LG