Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Модароне, ки чунин фарзанд доранд, гуё шабу рӯз дар ҷанганд." ВИДЕО


Дувуми апрел рӯзи ҷаҳонии огаҳӣ аз бемории аутизм ё дархудмондагӣ аст. Дар Тоҷикистон барои ҷавонони дучори мушкили дархудмондагӣ роҳҳои мустақилона зистанро меомӯзанд. Аз ҷумла, дар Маркази "Ирода" дар Душанбе кӯдакони дорои аутизм ҳар рӯз чанд соат дарс мегиранд, вале гуфта мешавад, барои фарогирии бештар ба ёриву пуштибонӣ ва сармоя ниёз доранд.

Дархудмондагӣ ё аутизм халале дар рушди мағзи сар аст, ки дар шакли камбуди ҳамгироии иҷтимоӣ ва муошират, инчунин, гирифторӣ ба шавқҳои маҳдуд ва корҳои такроршаванда намудор мегардад.

Мураббиён мегӯянд, кӯдакон дар маркази "Ирода" дар чанд моҳ тағйир мекунанд ва рафтору идроки онҳо пешрафт мебинад.

Сайёра Муҳаммадиева, яке аз мураббиён, гуфт, "ҳар кадоме аз инҳо рафтори ба худ хос доранд. Онро пайдо кардаву таълим медиҳем. Кӯдаке ҳаст, ки умуман чизеро намедонад. Рангҳоро намефаҳмад. Дар ҷараёни дарс боз мешаванд."

Аксар мураббиёни маркази "Ирода" шахсоне ҳастанд, ки фарзандонашон аутизм доранд. Гулиана Раҳимоваро тарбияи фарзанди дучори мушкили дархудмондагӣ маҷбур кард, ки усули таълиму тавонбахшии кӯдакони дорои ин нуқсонро омӯзад.

Ӯ мегӯяд, "дар аввал, вақте ба боғча бурдам, бисёр мушкил буд. Намефаҳмиданд. Ин хел кӯдаконро дар боғча нигоҳ намедоранд. Барои он ки мушкили рафтор доранд. Инҳо худашонро дар ҷомеа нағз эҳсос намекунанд. Ва на ҳама муаллимон онҳоро дарк мекунанд. Ҳоло, ки муддати 4-5 сол тренинг мегузаронем, муаллимон мефаҳманд."

Ба қавли Гулиана Раҳимова, аксар кӯдакони дорои аутизм барои таълим дар боғчаву мактаб ба ёвари доимӣ ниёз доранд, ки на ҳама волидон ин имконро доранд.

Лола Насриддинова
Лола Насриддинова

Коршиносон бар инанд, ки ошкор кардани аутизм то сесолагии кӯдак душвор аст, вале чӣ қадар зуд дарёфтани он метавонад, сабаби бартараф гаштанаш шавад.

Лола Насриддинова, мудири созмони ҷамъиятии "Ирода", гуфт: "Чун нуқси аутизм мушкилот ва халадоршавии ҳаракатҳои иҷтимоӣ ва робитаҳои иҷтимоиро дар пай дорад, аз ин рӯ, дар ин самт назорати ҷиддиро бояд ба роҳ монд. Масалан, кӯдак ба Шумо чӣ гуна нигоҳ мекунад, чӣ гуна ба номаш вокуниш мекунад, чӣ гуна дар ҷавоб ба Шумо механдад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Мушкили шахсони дучори дархудмондагӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00

Сайёд Қурбонмамадов, ки низ аутизм дорад, тӯли се моҳ дар маркази "Ирода" барномаҳои компютериро омӯхта, ду моҳи дигар коромузӣ кардааст. "Кам-кам ёд гирифтам, баъд ҳамчун коромӯз ду моҳ ба ин ҷо даъват карданд. Ҳоло бештар аз як сол аст, ки расман кор мекунам", -- гуфт ӯ.

Нуқси аутизм ё дархудмондагӣ сатҳ ва дараҷаҳои гуногун дорад, ки ба рушди инсон халал мерасонад.

Яке аз фарзандони Фазлиддин Насриддинов, сокини шаҳри Душанбе, дучори мушкили дархудмондагӣ аст. Ӯ мегӯяд, "фарзанди ман аутизми бисёр вазнин дорад. 19-сола аст, лекин бисёр чизҳои одиро то ҳол иҷро карда наметавонад. Барои мисол, тугмаашро гузаронда наметавонад. Барои инҳо бояд тамоми умр як кас ёрдамчӣ бошад. Кӯдаконе ҳастанд, ки аутизмашон сабуктар аст. Модароне, ки соҳиби кӯдакони дорои аутизм ҳастанд, фишори равонии баланд доранд. "Стресс"-и онҳо ба "стресс"-и шахсоне баробар аст, ки аз ҷанг бармегарданд. Яъне, модароне, ки чунин кӯдак доранд, гуё шабу рӯз дар ҷанганд."

Дар 10 соли кораш созмони ҷамъиятии “Ирода” 2000 кӯдаку навраси дорои нишонаҳои аутизмро фаро гирифтааст.

Аз 3500 нафари то 18-сола, ки дар маркази ҷумҳуриявии равонпизишкии кишвар бо нуқси равонӣ сабт шудаанд, ҳудуди 300 нафар дорои аутизм ё дархудмондагӣ будаанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ин рақамҳо ду баробар бештар медонанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG