Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як афсари итолиёӣ ва мансабдори русро ба ҷосусӣ муттаҳам карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси Итолиё рӯзи 31-уми март гуфт, як афсари нерӯҳои дарёии ин кишварро ҳамроҳ бо мансабдори низомии Русия дастгир кардааст. Онҳо ба ҷосусӣ гумонбаранд.

Вазорати корҳои хориҷии Итолиё мегӯяд, сафири Русия Сергей Разовро дар робита ба қазия эҳзор кард.

Пулис дар эъломияе рӯзи чаҳоршанбе гуфт, онҳоро "пас аз интиқоли як санад аз ҷониби афсари итолиёӣ ба ивази маблағ" боздошт кард.

Мансабдорони Русия қазияро шарҳ надодаанд.

Мулоқоти афсари итолиёӣ бо мансабдори Русия, ки дар сафорати ин кишвар дар Рум сабтином шудааст, рӯзи 30-юми март сурат гирифтааст. Афсари итолиёиро ба ҳабс гирифтанд. Айни замон масъалаи мансабдори русро, ки масунияти дипломатӣ дорад, баррасӣ мекунанд.

Солҳои охир, дар пасманзари афзоиши танишҳо миёни Маскаву Ғарб, равобити Русия ва кишварҳои узви НАТО шоҳиди чанд қазияи ҷосусӣ низ будааст.

XS
SM
MD
LG