Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон-Узбекистон: Масъалаи минтақаи Чашма ҳанӯз ҳал нашудааст


Марзи Узбекистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Узбекистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Узгени вилояти Ӯши кишвараш рӯзи 30 март гуфт, ки масъалаи минтақаи Чашма дар ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд комилан ҳал нашудааст.

“Дар ёд доред, ки соли гузашта дар минтақаи Чашма байни сокинони ду тараф (Қирғизистону Узбекистон) ҷанҷол рух дода буд. Дар мавриди ин минтақаи баҳсӣ ҳоло қароре қабул нашудааст. Имрӯз ман онҷо будам. Дар канори чашма қабристони гузаштагони мо ҷойгир аст. Агар ошкоро суҳбат кунем, мо ҳоло дар мавриди ин минтақа ба хулосаи мушаххас нарасидаем”, - гуфт Тошиев.

Пештар аз ин аз ҳукумати Қирғизистон хабар доданд, ки Қамчибек Тошиев ба минтақаҳои наздимарзӣ рафта, ба сокинони муҳтавои санади созиши марзӣ бо Узбекистонро шарҳ медиҳад.

Тошиев рӯзи 26 март дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки масъалаи марзӣ бо Узбекистон “сад дарсад” ҳал шуда ва байни кишварҳо ҳеч минтақаи баҳсие боқӣ намондааст.

Дар минтақаи баҳсии деҳаи Чашмаи Узбекистон Чачмаи Қирғизистон чашмае воқеъ аст, ки борҳо боиси ҷанҷоли сокинони ду кишвар шудааст. Баҳори соли гузашта бо баҳонаи дастрасӣ ба оби чашма сокинони ду тараф сӯи ҳам сангпартоӣ карданд ва чанд манзилро оташ заданд. Дар натиҷа наздики 200 кас зиён дид.

XS
SM
MD
LG