Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: аз пешравиҳои нисбӣ дар муқобила бо COVID пеш аз вақт қаноатманд нашавед


Ҷо Байден, президенти ИМА
Ҷо Байден, президенти ИМА

Президенти ИМА Ҷо Байден ва раҳбари идораи беҳдошти ин кишвар мардумро аз қаноатмандӣ ва пеш аз мӯҳлат бекор кардани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ҳушдор доданд. Байден рӯзи 29-уми март дар Кохи Сафед гуфт, ки то 19-уми апрел 90 дарсади калонсолони сокини ИМА ба гирифтани воксинаи зидди COVID-19 имкон хоҳанд дошт ва эълон кард, ки воксинаҳои бештар дар ҳафтаҳои наздик дастрас хоҳад шуд. Дар ИМА то ҳол беш аз 93 миллион нафар ваё 28 дарсади мардум ҳадди аққал як доза ё вояи воксинаро қабул карданд. Айни замон, тасмими бархе иёлот барои сабук кардани тадбирҳои маҳдудкунандаи мисли иҷозаи бениқоб гаштан ва риоя накардани дигар меъёрҳои эҳтиёткорӣ мавриди нигаронии раҳбарияти Маркази назорат аз бемориҳо шудааст.

Ҳолатҳои олудашавӣ ба вирус назар ба ҳафтаи гузашта 10 дарсад бештар шудааст, вале бо ин вуҷуд, 60 ҳазор ҳодисаи олудагӣ дар якрӯз аз 200 ҳазор ҳолате, ки дар моҳи январ мушоҳида мешуд, хеле камтар аст. Мақомоти беҳдошти Амрико аз он нигарон ҳастанд, ки дар сурати бекор кардани маҳдудиятҳо вазъи Аврупо такрор мешавад, вақте баъди сабук кардани маҳдудиятҳо дар ин қора навъҳои нави коронавирус пайдо ва боиси болоравии якбораи ҳолатҳои гирифторӣ дар миёни аҳолӣ гардид.

Дар миёни хабарҳои мусбат охирин натиҷаҳои таҳқиқоте ёд мешавад, ки мегӯяд, воксинаҳои сохтаи ширкатҳои Pfizer ва Moderna дар 90 дарсади ҳолатҳо фоидаовар будаанд. Таҳқиқоти ахиран баргузоршуда мегӯяд, баъди гирифтани аз ду як воя ҳам воксина дар 80 дар сад ҳимоят мекардааст.

XS
SM
MD
LG