Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии дармонда дар обҳои Суэз аз банд раҳо шуд


Миср, канали Суэз. Акс 29-уми март ҳангоми талоши аз банд раҳо кардани киштӣ гирифта шудааст
Миср, канали Суэз. Акс 29-уми март ҳангоми талоши аз банд раҳо кардани киштӣ гирифта шудааст

Киштии азими борбаре, ки дар обҳои канали Суэз наздики як ҳафта дармонда буд, пурра рӯи об баргашт ва базудӣ ҳаракат дар обҳои канал барои ҳама киштиҳои дигар барқарор мешавад. Дар изҳороти маъмурияти канали Суэз рӯзи 29-уми март гуфта шуд, ки “Адмирал Усома Раби, сардори раёсати канали Суэз дар бораи азсаргирии ҳаракати киштиҳо дар канали Суэз хабар дод”. Субҳи душанбе мақомот гуфтанд, ки киштии дармонда “Эвер Гивен” қисман аз хоку гил раҳо шуд, чун ҳангоми ҳаракат қисмати пеш ё нӯги киштӣ дар гилу хоки бистари канал дармонда буд. Киштии 400-метраро бо ёрии киштикашҳои дигар ва ҳам аз роҳи тоза кардани бистари он аз хоку гил аз банд раҳо карданд. Вазни киштӣ 22 ҳазор тонна буда, баробари дар обҳо дармондани он 300 киштии дигарро аз ҳаракат боздошт ва ин исти маҷбурӣ ҳамарӯза 9 миллиард доллар зиёни молӣ эҷод кард.

XS
SM
MD
LG