Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари як муттафиқи Навалний бо иттиҳоми содир кардани ҷиноят боздошт шуд


Иван Жданов (аз чап), Любов Собол ва Алексей Навалний дар як намоиши эътирозӣ
Иван Жданов (аз чап), Любов Собол ва Алексей Навалний дар як намоиши эътирозӣ

Падари Иван Жданов, раиси Бунёди зидди коррупсияи мунаққиди зиндонӣ Алексей Навалний бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом боздошт шуд. Жданов дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии худ рӯзи 29-уми март навишт, ки падари 66-солаи ӯ Юрий Ждановро 26-уми март дар шаҳри Ростори лаби Дон боздошт карданд. Жданов навишт, ки “бидуни шубҳа парвандаи ҷиноӣ ба хотири ман ва фаъолиятҳои ман боз шудааст”. Ба навиштаи ӯ, “ин як сатҳи нави палидӣ ва бадкорӣ аз тарафи маъмурияти президент аст”. Жданов гуфт, пеш аз он ки соли гузашта ба нафақа барояд, падараш дар як шаҳраки дуре чанд сол ба унвони як мақомдор кор кард. Ҳоло муфаттишон Юрий Ждановро дар он муттаҳам мекунанд, ки ба як зане, ки дар ҳамон маҳал зиндагӣ мекард, аз ҳисоби давлат як хонаи иҷтимоӣ фароҳам кард, дар ҳоле, ки, ба гуфтаашон, хонаводаи ин зан қаблан чунин ёриро дарёфт карда буд. Ин хона баъдан тавассути додгоҳ дубора ба ихтиёри давлат баргардонида шуд, вале ҳеҷ нафаре аз онҳое, ки дар ин кор даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд.

Дар паи ҳабси Навалний дар саросари Русия намоишҳои эътирозӣ бо талаби озод шудани ӯ баргузор шуд ва мақомот бо саркӯбҳои бераҳмона посух дода, дар баробари ширкатдорони намоишҳои эътирозӣ, аъзои тими Навалнийро ҳам боздошту ба ҷавобгарӣ кашиданд.

XS
SM
MD
LG