Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли борҳои Чин тавассути роҳҳои оҳани Русияву Осиёи Марказӣ афзоиш ёфт


Як қатори борбар тавассути хоки Туркманистон аз Чин ба Эрон расидааст. Акс аз соли 2016
Як қатори борбар тавассути хоки Туркманистон аз Чин ба Эрон расидааст. Акс аз соли 2016

Бо афзоиши арзиши интиқоли борҳо тавассути роҳҳои баҳрӣ, ширкатҳои чинӣ барои интиқоли борҳояшон ба Аврупо ҳарчи бештар аз роҳҳои оҳани Русияву Осиёи Марказӣ истифода мекунанд. Нашрияи Financial Times мегӯяд, дар давоми ду моҳи аввали соли 2021 аз Чин ба Аврупо 2 ҳазор қатори борбар мол бурдааст, ки ин ду баробар бештар назар ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Як ширкати интиқолдиҳандаи бор дар шаҳри шарқии Йивии Чин ба нашрияи амрикоӣ гуфтааст, ки дар давраи пандемия талабот ба дастгоҳҳои электронӣ ва ҳама гуна таҷҳизоти хонагӣ афзоиш ёфт. Дар ҳамин давра ҳам кирояи роҳҳои баҳрӣ боло рафт ва ба гуфтааш, 20 то 30 дарсади ширкатҳои муштарии он тасмим гирифтанд, ки борҳои худро тавассути роҳи оҳан ба хориҷа интиқол диҳанд.

Баъди он ки дар обҳои канали Суэз дар як ҳафтаи гузашта киштии азими борбаре дармонду пеши роҳи ҳаракати маъмулии 300 киштии дигарро гирифт, таваҷҷӯҳ ба роҳҳои баҳрӣ ҳам зиёд шуд. Ин канал осонтарин роҳи дастрасии борҳо аз Осиё ба Аврупо ба шумор меравад. Вале бо ин вуҷуд, ширкати интиқолдиҳандаи борҳои чинӣ гуфтааст, ки баъди анҷоми давраи пандемия ба эҳтимоли зиёд вазъият ба шакли пешинааш бармегардад ва дубора интиқоли борҳо аз роҳҳои обӣ зиёд мешавад.

XS
SM
MD
LG