Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ гуфт, "Тоҷикистон ҷонибдори оташбаси фаврӣ дар Афғонистон аст". ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ ҳангоми дидор дар Қасри Миллат. Шаҳри Душанбе, 29-уми марти 2021
Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ ҳангоми дидор дар Қасри Миллат. Шаҳри Душанбе, 29-уми марти 2021

Раисҷумҳури Афғонистон гуфт, Тоҷикистон ҷонибдори оташбаси фаврӣ дар ин кишвар аст. Ашраф Ғанӣ, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар нишасти "Қалби Осиё" ба Душанбе омадааст, рӯзи 29-уми март гуфт, “ин паёме ба Толибон ва ҳомиёнаш аст.”

Мулоқоти ӯ бо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 29-уми март дар Қасри Миллат, дар шаҳри Душанбе, баргузор шуд.

Суҳбат аз "сулҳи боиззат" ва Толибон

Ашраф Ғанӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, кишвараш ба як “марҳилаи таърихӣ”-и даст ёфтан ба “сулҳи пойдор ва боиззат” расидааст ва ин сулҳ ба фоидаи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон хоҳад буд. “Пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оташбаси фаврӣ ва доимӣ дар Афғонистон як нуқтаи калидии пайғом барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба Толибон ва тамоми ҳомиёну ҳамкоронаш аст”, -- афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон аз сулҳу пул гуфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи пуштибонии кишвараш аз оташбаси фаврӣ дар Афғонистон чизе ба забон наовард, аммо гуфт: “Тоҷикистон аз талошҳои ҳукумату мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати истиқрори сулҳу суботи комил ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии кишвари дӯст истиқбол менамояд.”

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша гуфтаанд, бо гуруҳи Толибон ҳеч иртибот надоранд ва ҳамеша аз мавқеи ҳукумати расмии Кобул ҳимоят мекунанд.

Ҳаракати Толибон дар Тоҷикистон ҳамчун гуруҳи террористӣ шинохта шудааст ва мақомот чандин нафарро бо иттиҳоми узвият дар ин гуруҳ боздошту зиндонӣ кардаанд. Гуруҳи Толибон ҳамеша гуфтааст, бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳеч душманӣ надорад.

Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳангоми суҳбат дар назди хабарнигорони тоҷик чанд дафъа аз Толибон ном бурд. Ашраф Ғанӣ бо нигаронӣ аз вазъи амниятӣ дар кишвараш гуфт, “зулму ситаме, ки мардуми Афғонистон мекашанд, ба ҳеч меъёр, на байналмилалӣ ва на диниву инсонӣ, рост намеояд.”

Бунёди пули 7-ум

Пули байни Тоҷикистону Афғонистон. Панҷи Поён, моҳи майи соли 2008
Пули байни Тоҷикистону Афғонистон. Панҷи Поён, моҳи майи соли 2008

Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон ба ҷуз аз масоили амниятӣ дар бораи иқтисод низ зиёд гуфтанд. Ашраф Ғанӣ гуфт, Афғонистон аз пешравӣ сохтмони тарҳи CASA-1000 “хурсанд аст”.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ аз тасмими сохтани пули ҳафтум байни ду кишвар хабар дод. Дар суҳбати берун аз расмиёт, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ барои барқарории субот дар кишвари ҳамсоя ҳар кори мумкинро мекунанд, аммо айни замон афзуд, "агар кумак карда натавонем, кӯшиш мекунем, зиёнамон нарасад."

Имзои панҷ санади нав

Музокироти роҳбарони Тоҷикистону Афғонистон дар Қасри Миллат беш аз ду соат давом кард ва дар поёни он панҷ санад ба имзо расид:

  • Барномаи иқдомоти амалӣ ё нақшаи роҳ байни ду кишвар
  • Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилӣ
  • Созишнома байни Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ва Академияи улуми Афғонистон
  • Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Идораи олии баррасии Афғонистон
  • Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои кории Тоҷикистон-Афғонистон байни Палатаи савдо ва саноати ду кишвар.

Ашраф Ғанӣ рӯзи 30-юми март низ дар Тоҷикистон хоҳад буд. Қарор аст, раисони ҷумҳури Афғонистон ва Тоҷикистон дар Нишасти нӯҳуми вазирони "Қалби Осиё - Раванди Истанбул" ширкат кунанд. Дар ин нишаст ҳузури вазирони умури хориҷии 15 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Ҳарчанд солҳои охир убури ҷангҷӯёну тундравон аз Афғонистон ба Тоҷикистон мушоҳида нашудааст, задухӯрд бо қочоқбарони маводи мухаддир зиёд такрор мешавад. Дар задухӯрдҳо чанд сарҳадбони тоҷик низ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG