Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути чархбол дар Аляска миллиардери Чехия Петр Кёллнер кушта шуд


Петр Кёллнер яке аз маъруфтарин сокинони Ҷумҳурии Чех, ки корҳои зиёди хайрия ҳам мекард, барои таъмини кишвараш бо маводи зидди COVID-19 ҳам зиёд ёрӣ кардааст
Петр Кёллнер яке аз маъруфтарин сокинони Ҷумҳурии Чех, ки корҳои зиёди хайрия ҳам мекард, барои таъмини кишвараш бо маводи зидди COVID-19 ҳам зиёд ёрӣ кардааст

Нашрияи The Washington Post менависад, чархболе, ки лижаронҳоро аз осоишгоҳи Tordrillo Mountain Lodge интиқол медод, рӯзи шанбе дар пиряхи Кник афтода пора-пора шуд. Дар ин чархбол соҳибкори маъруфи чех Петр Кёллнери 56-сола ва чор нафари дигар нобуд шуда, як нафар зинда мондааст. Сабаби рӯй додани садама таҳқиқ мешавад.

Петр Кёллнер муассиси Гурӯҳи байналмилалии сармоягузории PPF буд. Маҷаллаи “Форбс” дороиҳои ӯро соли 2020 дар ҳаҷми 13,2 миллиард доллар ҳисоб кардааст. Давоми 15 соли охир ин маҷалла Кёллнерро дар феҳристи сарватмандтарин афроди сайёра ёд мекунад.

PPF Group соли 1991 таъсис шуда, дар 25 кишвар, аз ҷумла, Русия ва Чин кор мекунад. Ин ширкати азим дар бахшҳои молияву мухобирот, матбуот ва биотехнологияҳо, дар бахши хонафурӯшиву бима ва мошинсозиву кишоварзӣ кор мекунад.

Петр Кёллнер ва ширкаташ корҳои зиёди хайр мекард ва дар давраи пандемия ҳам ба Ҷумҳурии Чех маводи зиёди тиббиро ройгон тақдим намуд. Аз ҷумла, матбуот навишт, ки PPF Group миллионҳо дона респиратор ва ниқобҳои тиббиро ба беморхонаҳои кишвар тақдим кард. Марги соҳибкори маъруфро нахуствазири ин кишвар Андрей Бабиш "як фоҷеаи ғайри қобили боварӣ" номид.

Анна Кёллнерова, яке аз духтарҳои соҳибкори маъруф гуфтааст, ки маросими дафни падараш танҳо бо ширкати "аъзои оила" барпо мешавад.

XS
SM
MD
LG