Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми "Озодӣ ба Навалний"-ро 300 000 нафар ҷонибдорӣ кардааст


Алексей Навалний, мухолифи шинохта дар Русия
Алексей Навалний, мухолифи шинохта дар Русия

Барои иштироки дар ҳамоиши эътирозӣ барои озодии Алексей Навалний, мухолифи зиндонии рус, дар як иқдоме бо номи "Озодӣ ба Навалний" 300 ҳазор нафар имзо гузоштаанд.

Ин даъват дар сомонаи "Озодӣ ба Навалний" аз 23-уми март роҳандозӣ шуд.

Алексей Навалний рӯзи 17-уми январ ҳангоми бозгашт аз Олмон ба Русия боздошт гардид.

Ӯ моҳи августи соли 2020 дар Русия заҳролуд шуда буд ва барои табобат ба Олмон рафт ва ҳангоми бозгашт ӯро боздошт карданд.

Ҷонибдорони Навалний эълон карданд, ки пас аз ҷамъ шудани имзои 500 ҳазор нафар таърихи баргузории ҳамоиши эътирозиро эълон хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG