Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская ба мавҷи нави эътирозҳо дар Беларус даъват кард


Светлана Тихановская. Швейтсария, 9-уми марти соли 2021
Светлана Тихановская. Швейтсария, 9-уми марти соли 2021

Светлана Тихановская, раҳбари мухолифин дар Беларус, аз мардуми ин кишвар хост, рӯзи 25-уми март, яъне дар Рӯзи таъсиси Ҷумҳурии мардумии Беларус, мавҷи нави эътирозҳоро ба зидди режими Александр Лукашенко оғоз кунанд.

Тихановская гуфтааст, мардум дар рӯзи ба истилоҳ “Ирода” раҳпаймоиҳои эътирозӣ алайҳи президенти худкома Лукашенкоро дар Минск ва шаҳрҳои дигари Беларус истифода бурда, эълон кунанд, ки дар муқобили ин буҳрон муттаҳиданд.

Рӯзи 22-юми март Риҳор Кастюков, раиси Ҷабҳаи мардумии Беларус, ба Радиои Озодӣ гуфт, полис бо ишора ба сирояти коронавирус ва даъватҳои созмонҳои ба қавли мақомоти Беларус ифротӣ дар шабакаи "Телеграм" гуфтааст, амнияти ҷамъомадро таъмин карда наметавонад.

Созмони Афви Байналмилал иброз доштааст, ки мақомоти Беларус мехоҳанд, ҷамъомадҳои "Рӯзи ирода"-ро ба як саҳнаи дигари хушунат табдил диҳанд. 103 сол пеш, рӯзи 25-уми марти соли 1918, Ҷумҳурии мардумии Беларус ташкил шуда буд, вале он камтар аз як сол вуҷуд дошт.

XS
SM
MD
LG