Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунгоҳи ҳуқуқи СММ барои таҳқиқи саркӯби норозиёни Беларус овоз дод


Аляксандр Лукашенко, 23 марти соли 2021 дар Минск
Аляксандр Лукашенко, 23 марти соли 2021 дар Минск

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки бар пояи он саркӯби хушунатомези тазоҳургарони Беларус аз тарафи гурӯҳи коршиносон таҳқиқ хоҳад шуд. Ин тазоҳуркунандагон бо гирдиҳамоӣ ва раҳпаймоиҳо норозигии худро аз натиҷаҳои интихоботи президентии соли гузаштаи Беларус баён мекунанд, ки раҳбари худкомаи ин кишвар Аляксандр Лукашенкоро ғолиби раъйдиҳӣ эълон намуд. 20 давлати узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба тарафдории ташкили чунин ҳайати пажӯҳишӣ овоз доданд, 7 давлат зид баромад ва 20 узви дигар аз ройдиҳӣ худдорӣ намуданд. Русия ҳамчун ҳампаймон ва ҳомии асосии Беларус зидди ин қатънома овоз овоз дод. Сафири Португалия Руи Мачейра, ки аз номи Иттиҳоди Аврупо сухан мекард, гуфт, "мо бояд пуштибонии худро аз мардуми Беларус нишон диҳем ва омилони вайронкориҳои шадиди ҳуқуқи инсонро барои хотима додан ба давраи бади беҷазоӣ ба ҷавобгарӣ кашем". Португалия айни замон раёсати давраии ИА-ро дар даст дорад ва тарҳи қатъномаро ин эътилофи иборат аз 27 кишвар пешниҳод кардааст. Лукашенко пас аз интихоботи 9 август қатъи назар аз эътимоди мухолифон ба он, ки номзади онҳо Светлана Тихановская барандаи қонунии интихобот гашт, барои шашумин бор президент эълон шуд. Дар ҷараёни саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ даҳҳо ҳазор нафар боздошт ва ҳазорон нафар бо айбномаҳои ҷиноӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

XS
SM
MD
LG