Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозорҳо пур аз одамони бениқоб ҳастанд." Мавҷи нави коронавирус дар Покистон. ВИДЕО


Аз як ҳамоиши занон дар Карочӣ. Моҳи марти 2021
Аз як ҳамоиши занон дар Карочӣ. Моҳи марти 2021

Ҳукумати Покистон мегӯяд, зоҳиран коронавируси нав дигарбора дар ин кишвар бо суръати баланде доман паҳн мекунад, зеро навъи бритониёии он ҳам ба Покистон расидааст. Ин навъи вирус, ба гуфтаи мутахассисон, назар ба вируси маъмулӣ зудтар сироят мекунад ва зуд паҳн мешавад.

Бо вуҷуди ин, аксарият чораҳоро барои пешгирӣ аз беморӣ нодида мегиранд. Фурӯшгоҳу бозорҳо ва тарабхонаҳо пур аз одамони бениқоб ҳастанд, ҳарчанд ба қавли мутахассисон навъи бритониёии коронавируси нав вогиртар аст ва зуд сироят мекунад.

Ҳукумат низ зоҳиран намехоҳад, рафтуову фаъолиятҳои иқтисодиро маҳдуд кунад. Пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмист, вале барои надоштани он ва риоят накардани фосилаи ҷисмонӣ касе чизе намегӯяд. Ҳатто дар дохили фурӯшгоҳу биноҳои ҳукуматӣ, бисёриҳо қоидаҳои пешгирӣ аз вирусро риоят намекунанд.

Баъзеҳо ин рафторро хастагӣ аз пандемия номидаанд. Ҳатто мардуми тарафдори риояти қоидаҳои беҳдоштӣ низ бепарво шудаанд ва аксарият ба зиндагии оддӣ баргаштаанд.

Коронавирус то кунун дар Покистон беш аз 13 ҳазору 500 нафарро кушта ва 600 ҳазор каси дигарро бемор кардааст. Мавҷи саввуми беморӣ дар роҳ аст, аммо ваксинзанӣ дар Покистон бисёр суст пеш меравад. Сабаб ҳам тарс аз оризаҳои ҷонибии беморӣ ва ё бофтаҳои тарснок дар бораи ваксина аст. Айни замон ҳукуматро барои барномарезии номукаммал ва хариди ваксинаи кам танқид мекунанд.

Ифтихор Барнӣ, намояндаи Анҷумани Тибби Исломӣ, гуфт: "Ҳадафи ҳукумат ваксин задани аз 12 то 13 миллион нафар дар соли 2021 аст. Ҳоло кормандони тиббӣ ва одамони аз 60-сола боло ваксина мегиранд. Ваксин задани 12 миллион нафар дар байни аҳолии 220-миллионнафарии Покистон рақами бисёр кам аст."

Ҳукумат чанде пеш аз қарор дар бораи кам кардани маҳдудиятҳо даст кашид.

Файсал Султон, мушовири тиббии нахуствазири Покистон, гуфт, "мо мехостем, рӯзи 15-уми март баъзе маҳдудиятҳоро бардорем, вале бо назардошти теъдоди гирифторони COVID-19 аз раъйи худ гаштем. Мо ҳамчунон ҷашнҳо дар дохил ва арӯсиҳо дар ресторанҳоро маҳдуд мекунем. Бар илова ба мактабҳо дар шаҳрҳое, ки беморонашон зиёд аст, амр додем, ҳамин ҳоло таътили баҳорӣ эълон кунанд."

Мутахассисон мегӯянд, то замоне ҳукумат ваксинзаниро суръат набахшад, мушкилот ҳамчунон бармегарданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чаро дар Покистон дигар ба вирус аҳамият намедиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

XS
SM
MD
LG