Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия "Садои муҳоҷир"-ро нашр карданд


Саҳифаи аввали нашрия
Саҳифаи аввали нашрия

Дар Русия, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд, нашрияи нави "Садои муҳоҷир" (Голос мигранта) бо теъдоди даҳ ҳазор нусха чоп шуд.

Ғуфрон Ваҳҳобов, муассиси нашрия, рӯзи 23-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бештар ба таҳияи таҳқиқот ва хабарҳои дурусту санҷидашуда дар бораи вазъу кори муҳоҷирон машғуланд.

Дар гузашта дар Русия нашрияҳои "Тоҷикони Россия" ва "Садои Тоҷикистониҳо" (Голос Таджикистанцев) низ нашр мешуданд, вале солҳои охир ба табъ намерасанд. Камбуди иттилоъ бо забони тоҷикӣ дар Русия барои муҳоҷирон дар ҳолест, ки матбуоти ин кишвар дар бораи онҳо бештар иттилои манфӣ нашр мекунанд.

Шумораи аввали "Садои муҳоҷир" рӯзи 20-уми марти имсол чоп шуда, дар он дар бораи шеваҳои интиқоли тобути муҳоҷирон аз Русия ва дарёфти кумакпулии хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон баҳс кардаанд.

Ғуфрон Ваҳҳобов
Ғуфрон Ваҳҳобов

"Бе пуштибонии шахсоне, ки ба муҳоҷирон дилсӯзанд, иҷрои ин кор ғайриимкон буд. Дар оғоз рӯзнома бо теъдоди 10 ҳазор нусха чоп шуд. Умед дорем, дар оянда нашрия мавқеи худро меёбад ва теъдоди онро боз ҳам зиёдтар хоҳем кард", -- гуфт Ғуфрон Ваҳҳобов.

Ӯ афзуд, нашрияро асосан дар маҳалҳои тоҷикнишин ва бозору ошхонаҳои Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия бепул тақсим мекунанд, то муҳоҷирон аз асли қазияҳои марбут ба онҳо бохабар гарданд.

"Чизи асосӣ, ки моро ба ин кор водошт, таҳияи таҳқиқоти журналистӣ дар бораи вазъу кори муҳоҷирон аст. Дар Интернет хабар зиёд аст, аммо ахбори дурусту санҷидашуда – кам. Мардум роҳгум задааанд. Мо дар нашрия маълумотеро медиҳем, ки тасдиқ ва ниҳоӣ шудааст. Нашрия ҷавобгар аст ва он Интернет нест, ки зуд матну аксро дигар кунед", -- шарҳ дод ӯ.

Ба қавли мусоҳиби мо, феълан тасмим гирифтаанд, нашрияро моҳе як бор ва бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр кунанд.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфтанд, феълан нашрияи "Садои муҳоҷир" то ба онҳо нарасидааст, вале аз он ки ба сарнавишти онҳо таваҷҷуҳ шудааст, хушҳоланд. Наҷмӣ, муҳоҷири тоҷик дар Маскав гуфт: "Рости гап, хабарҳоро аз Ютуб мебинем. Агар инҳо ҳақиқатро нависанд, ба суолҳои даркорӣ дар бораи санадҳо, ҷустуҷӯйи кор ва будубош посух диҳанд, ҳама ёфта мехонад."

Коршиносон аз он нигаронанд, ки дар сурати набудани маблағи кофӣ ё сармоягузории собит, мумкин аст, нашрия зуд аз чоп монад ва ё дер-дер ба табъ расад. Ғуфрон Ваҳҳобов мегӯяд, "имкони ҷалби таблиғот ба нашрия вуҷуд дорад ва аз ин ҳисоб чопи рӯзномаро идома медиҳем."

Ҳоло дар Русия "Радиои Муҳоҷир" фаъол аст, ки соли 2019 ба кор шуруъ кардааст. Бештари масоили вобаста ба муҳоҷирони тоҷик дар шакли пароканда дар сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб мешаванд. Хабаргузориҳои давлатии Тоҷикистон аз зиндагӣ ва кори муҳоҷирон кам барнома пахш мекунанд.

Дар гузашта талоши ташкили телевизион, радио ва нашрия бо забони тоҷикӣ дар Русия комёб набуд. Бо далелҳои сиёсӣ ва ё камубди маблағ пас аз чанд моҳи фаъолият онҳо аз кор бозмонданд.

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. То замони пандемия онҳо аз Русия солона ба Тоҷикистон беш аз ду миллиард доллар мефиристоданд. Соли гузашта бо сабаби бемории коронавирус ва баста будани марзҳо бахши аъзами онҳо дар кишвар монданд. Ба иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, соли 2020 аз Тоҷикистон тақрибан 130 ҳазор кас ба муҳоҷират рафтаанд. Ҷониби Русия шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар он кишвар тақрибан як миллион нафар медонанд.

XS
SM
MD
LG