Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи чоруми Исроил дар ду соли охир ва талоши Нетаняҳу барои ҳифзи қудрат


Як нуқтаи раъйдиҳӣ дар Исроил. 23-юми март
Як нуқтаи раъйдиҳӣ дар Исроил. 23-юми март

Сокинони Исроил бори чорум дар ду соли охир ба интихобот мераванд ва Бенямин Нетаняҳу ин навбат ҳам мехоҳад ҳузури 12-солааш дар мақоми нахуствазириро тамдид кунад. Пурсиши афкори умум мегӯяд, ки рақобати номзадҳо бисёр сахту наздик аст ва эҳтимол дорад, ки масъалаи ташкили ҳукумат вазъиятро ба бунбаст оварад. Зоҳиран ҳизби ростгарои “Ликуд”-и Нетаняҳу ҳамчун калонтарин ҳизб аз худ дарак медиҳад. Вале дар таърихи Кнессет ё парлумони Исроил ҳеҷ гоҳ нашудааст, ки як ҳизб аксари кулли 120 курсиро азони худ карда бошад, аз ин рӯ, мавзӯи созишу музокирот бо ҳизбҳои дигар барои ташкили ҳукумат баҳси баъдии интихоботӣ мешавад.

Обрӯи Нетаняҳу ба хотири таъмини мардум бо воксинаву бозкушоии иқтисоди кишвар дар фазои пандемия то андозае боло рафтааст. Як муваффақияти дигари ин сиёсатмадори 71-сола дар барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ бо монархияҳои Халиҷ, аз ҷумла Судон ва Марокаш аст, ки барои коҳиши инзивои минтақавии Исроил мусоидат мекунад. Нетаняҳу як сиёсатмадори моҳир аст, ки аз дидгоҳи рақибонаш дар ҷомеа ихтилоф эҷод карда, барои бисёрашон нохушоянд аст. Нахуствазири амалкунанда дар ҳоле барои интихоби дуборааш талош мекунад, ки додгоҳе иттиҳоми пораву фасодхории ӯро баррасӣ мекунад ва худи ӯ ин иттиҳомотро рад кардааст. Мунаққидонаш мегӯянд, ки ӯ мехоҳад дар интихобот пирӯз шуда бо ёрии парлумон парвандаи ҷиноӣ алайҳи худро қатъ кунад.

XS
SM
MD
LG