Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 22-юми март, дар ҳоле ки дар кишвар расман рӯзи истироҳат аст, қарореро ба имзо расонд. Бар асоси он аз ҳамин рӯз ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19 оғоз мешавад.
Дар ин қарор омадааст, "аз 22 марти соли 2021 иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад."
Бар асоси ин қарор, ниҳодҳои гуногун вазифадор шудаанд, ки дар раванди ваксинзанӣ ба Вазорати тандурустӣ кумак кунанд ва вазорат баъд аз 15 рӯзи ҳар марҳила ба ҳукумат гузориш бидиҳад.
Тоҷикистон то кунун аз хориҷа 192 ҳазор воя ё доза ваксинаи AstraZeneca гирифтааст. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз ҳама ин табақаи афрод ваксина ба зидди бемориро мегиранд:
- Кормандони соҳаи тандурустӣ
- Бахшҳои стратегии хоҷагии халқ
- Сокинони аз 60-сола боло
- Шахсони гирифтории бемориҳои музмини ғайрисироятӣ
- Кормандони соҳаи маориф ва илм
Ҳукумати Тоҷикистон як моҳ пештар эълон кард, ки коронавируси нав дар кишвар аз байн рафтааст. Ин вирус то кунун, ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустӣ, 13308 нафарро ба бемории СОVID-19 гирифтор карда, 90 нафарро куштааст. Оморе, ки иддае ба дурустияш шубҳа доранд ва миқёси бемориву талафот аз онро бештар аз рақамҳои эълоншуда медонанд.