Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи парлумони нави Косово ва интихоби нахуствазири нав


Глаук Конюфка раиси нави парлумони Косовло интихоб шуд
Глаук Конюфка раиси нави парлумони Косовло интихоб шуд

Парлумони Косово дар нахустин ҷаласааш баъди интихоботи пеш аз мӯҳлати моҳи гузашта қарор аст рӯзи 22-юми март нахуствазири нави кишварро интихоб кунад. Дар интихоботи 14-уми феврал ҳизби чапу миллатгарои Албин Курти бо номи “Ҷумбиши худшиносии миллӣ” аз 120 курсӣ 58 курсиро ба даст овард. Вале бо ин вуҷуд барои ташкили ҳукумати нав бояд пуштибонии ҳизбҳои ғайрисербро ба даст оварад. Аққалиятҳои ғайрисерби парлумон 10 курсиро дар ихтиёр доранд. Глаук Конюфкаи 39-сола аз ин ҷумбиш дар овоздиҳие, ки бо ҷонибдории 69 вакил анҷомид, раиси парлумон интихоб шуд. Эҳтимолан овоздиҳӣ барои интихоби нахуствазири нави кишвар имрӯз ё фардо баргузор шавад ва Курти номзади калидӣ ба ин мақом мебошад.

XS
SM
MD
LG