Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси сокинони Ганҷобод бо "Манзили обод". Хобгоҳи бозмонда аз Шӯравӣ моли кист? ВИДЕО


Сарнавишти як хобгоҳи бозмонда аз Шӯравии собиқ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷанҷолбарангез шуд. Сокинонаш мегӯянд, чанд сол пеш барои хусусӣ кардани ҳуҷраҳо пул доданд, аммо ҳанӯз аз супурдани маблағи иҷора озод нестанд. Молики хобгоҳ мегӯяд, талаби пули ҷора қонунист, чун сокинон санад надоранд.

Хобгоҳи "ҷанҷолӣ" дар ноҳияи Рӯдакӣ
Хобгоҳи "ҷанҷолӣ" дар ноҳияи Рӯдакӣ

Гап дар бораи хобгоҳи шаҳраки Ганҷобод, маъруф ба "Нефтяник", дар ноҳияи Рӯдакӣ меравад. Дар онҷо ҳудуди 30 оила зиндагӣ мекунанд. Молики ҳозирааш ширкати "Манзили обод - 2015" аст ва он ба Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мутааллиқ аст.

На ҳоҷатхона дорад, на...

Бошандагони хобгоҳ мегӯянд, чанд сол пеш бо нияти хусусӣ кардани утоқҳои хобгоҳ пул доданд, аммо то ҳанӯз санад нагирифтанд. Моҳира Шарифова, сокини шаҳраки Ганҷобод, рӯзи 19-уми март гуфт, дар умум барои хусусӣ кардани хонааш 5 ҳазор доллар дода буд.

"Бо панҷ кӯдак дар як утоқ зиндагӣ мекунам. На ҳоҷатхона дорад, на ҷойи шустушӯ ва на об. Як рӯзи сахт. Боз мегӯянд, ки дар нақша ҳаст, имрӯз ё пагоҳ мехезед", -- шиква кард ӯ.

Ҳоҷатхонаи хобгоҳ умумӣ ва берун аз бино ҷойгир аст. Обро ҳам аз берун мекашонанд. Сокинони хобгоҳ мегӯянд, ба бисёре аз мақомот, аз ҷумла ба дастгоҳи иҷроияи президент, муроҷиат карданд, аммо касе ба додашон нарасид.

Эргаш Гулов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Эргаш Гулов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ

Эргаш Гулов, сокини дигари шаҳраки Ганҷобод, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Русия кор карда, ба модараш 11 ҳазор доллар фиристода буд, то хонаеро, ки дар он зиндагӣ доранд, бихарад, вале ба ҷойи хушҳолӣ ба мушкил гирифтор шуданд. "Хонаро аз Бобишо Шоев харида буданд. Ӯро боздошт ва маҳкум карданд, хонаҳо бе ҳуҷҷат монданд", -- иддао кард ӯ.

Додгоҳи шаҳри Душанбе соли 2011 Бобишо Шоев, мудири пешини корхонаи "Нафтугаз ва ангишт"-и Вазорати энержӣ ва яке аз довталабони курсии президентиро дар интихоботи соли 1991 ба 18 сол зиндон маҳкум кард. Ӯро ба аз худ кардани маблағи мардум ва ришват гунаҳкор донистанд, вале он замон вакил ва наздиконаш ҳукмро бепоя номиданд. Ӯ моҳи декабри соли 2013 дар зиндон даргузашт.

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Баҳси сокинони шаҳраки Ганҷобод бо "Манзили обод"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

"Пулро ба кӣ додаанд, намедонем"

Як масъули хобгоҳе, ки сокинон барои хусусӣ гардонданаш талош доранд, бе зикри ном гуфт, ҳеч далеле нест, ки бошандагони хобгоҳ ба Бобишо Шоев пул дода бошанд: "Шояд ба миёнравҳое пул додаанд, ки дар ивази маблағ ҳеч санаде нагирифтаанд."

Зайдуллоҳ Миров, мудири ширкати "Манзили обод – 2015" низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, талаби маблағи иҷора аз сокинон дар доираи қонун аст ва онҳо барои хусусигардонии манзилҳои хобгоҳ ҳеч санад надоранд.

Зайдуллоҳ Миров, мудири ширкати "Манзили обод 2015"
Зайдуллоҳ Миров, мудири ширкати "Манзили обод 2015"

Ӯ афзуд: "Расид ё квитансияи маблағҳое, ки сокинон гуё пардохтаанд, дар муҳосиботи мо нест. Маблағро ба кӣ додаанд, намедонем. Дигар ин ки сокинон собиқадорон ё кормандони феълии мо нестанд. Мутаассифона, дар ҳафт соле, ки дар инҷо роҳбар ҳастам, аз 25-30 ҳуҷраи хобгоҳ, танҳо 30 дарсадашон пули иҷора пардохт мекунанду бас."

Қарзи сокинони хобгоҳ, ба гуфтаи ӯ, ба беш аз 30 ҳазор сомонӣ расидааст.

Дархости хусусӣ кардани хобгоҳ. Ҳукумат чӣ мегӯяд?

Худи сокинони хобгоҳ тасдиқ карданд, ки расид ё санади хариди ҳуҷраҳоро надоранд. Дар айни замон раҳбарияти ширкат гуфтанд, нигарониҳои мардумро дарк мекунанд ва барои хусусӣ кардани манзилҳо ба ҳукумати кишвар нома фиристода, то ҳанӯз посухе нагирифтаанд.

Ба қавли ҳуқуқшинос, Абдураҳмон Шарипов, аз нигоҳи қонун хусусӣ кардани хобгоҳҳо мумкин нест, вале агар соҳибмулк хоҳиш дошта бошад, ин масъала нахуст дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад. "Ҳукумат таъин мекунад, ки бино дигар на хобгоҳ, балки манзили зист ҳисобида шавад", -- шарҳ дод ӯ.

Шикояти сокинон аз вазъи бади хобгоҳҳо, нотавонӣ дар пардохти пули иҷора ва ё талоши хусусӣ кардани ҳуҷраҳои он бори аввал набуда, дар гузашта низ чанд дафъа садо додааст.

Дар даврони Шӯравӣ ба коргарон барои зист хобгоҳ ва пас аз муддате хона дода мешуд. Бо оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон бахше аз коргарон хобгоҳҳои худро тарк карданд. Дертар, сокинони зиёде аз маҳалҳо ба шарҳу ноҳияҳои асосӣ кӯчиданд ва хобгоҳҳо дигарбора пур шуд. Ҳоло баҳси хусусигардонии чунин маконҳо ба як мушкил табдил ёфтааст. Дар ҳоле ки ҳама тарафҳо худро ҳақ мешуморанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG