Мақомҳои баландпояи Амрико ва Чин рӯзи 18-уми март дар нишасти аввалини худ дар даврони президентии Ҷо Байден, ба шиддат аз якдигар интиқод карданд.
Ба гузориши "Ассошиэйтед пресс", Энтони Блинкин, вазири умури хориҷии Амрико ва Янг Ҷиечи, масъули робитаҳои хориҷии Ҳизби коммунисти Чин, дар оғози нишаст дар Аляска ба таври ошкор ба интиқод аз сиёсатҳои якдигар пардохтанд. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, ҷанги лафзии ошкорои мақомҳои баландпояи амрикоӣ ва чинӣ дар оғози нишаст, метавонад нишонаи он бошад, ки лаҳни онҳо дар музокироти пушти дарҳои баста тундтар хоҳад буд.
Энтони Блинкин таъкид кард, ки ҳукумати Ҷо Байден ҳамроҳ бо ҳампаймонҳои худ якҷоя бо қудратталабонаи Чин дар арсаҳои дохилӣ ва хориҷӣ муқобила хоҳад кард. Янг Ҷиечи низ Амрикоро бинобар интиқод кардани Чин дар мавриди ҳуқуқи башар ва дигар мавзуъҳо, ба риёкорӣ муттаҳам намуд.
Блинкин гуфт, иқдомоти Чин дар Шинҷон, Ҳонконг ва Тайван ва ҳамчунин ҳамлаҳои кибернетикӣ ба Амрико, "таҳдиде" барои системае аст, ки суботро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз мекунад. Ҷек Сулливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед низ гуфт, Чин арзишҳои аслиро мавриди ҳамла қарор додааст. Вай афзуд, "мо дар пайи даргирӣ нестем, аммо аз рақобати сахти истиқбол мекунем".
Робитаҳои Амрико ва Чин дар замони президенти Доналд Трамп ба поинтарин сатҳ дар даҳаҳои гузашта расид. Ҳукумати Трамп шуморе аз ширкатҳои чиниро таҳрим кард ва аз нақзи ҳуқуқи башар дар Чин сахт интиқод намуд.
Бо ин ҳол, дар пайи рӯи кор омадани ҳукумати Ҷо Байден, мақомҳои чинӣ дар мавриди муносибати кишварашон бо Амрико ибрози хушбинӣ карданд ва аз Вашингтон хостаанд, то қадамҳоеро дар ин роҳ бардорад.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, моҳи гузашта бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин телефонӣ суҳбат карда буд. Кохи Сафед дар баёнияе навишт, Ҷо Байден дар ин тамоси телефонӣ ба "нигарониҳои асосии худ дар мавриди амалкардҳои ғайриодилонаи Пекин, саркӯбҳо дар Ҳонконг, гузориш дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар дар Шинҷон таъкид кардааст".
Раиси ҷумҳури Чин ҳам дар ин гуфтугӯ дар мавриди Ҳонконг, Шинҷон ва Тайван мавзеи тунд нишон дода, ба Ҷо Байден гуфта буд, инҳо "масоили ҳокимият ва тамомияти арзӣ" аст ва умед дорад, Амрико дар ин мавридҳо эҳтиёткорона амал кунад.