Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон интихоботи пешазмуҳлати порлумонӣ баргузор мекунад


Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон.

Дар Арманистон рӯзи 20 июни соли равон интихоботи пешазмуҳлати порлумонӣ баргузор мешавад. Дар ин бора сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 18-уми март дар мулоқот бо раҳбарони мухолифон хабар дод.

Никол Пашинян ба далели ҷанги шашҳафтаинаи хунини Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи куҳӣ зери фишори афзояндаи тазоҳургарон ва мухолифони давлат қарор гирифтааст, ки саъй доранд, ӯро ба истеъфо водор намоянд.

Ҳамаи президентҳои пешини Арманистон низ аз Пашинян талаб карданд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад. Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Арманистон низ моҳи феврал истеъфои сарвазирро талаб кард. Вале Пашинян онро кушиши табаддулоти давлатӣ номид.

Ҷанги 44-рӯзаи Арманистону Озарбойҷон дар соли гузашта баъди имзои созиши сулҳ дар моҳи ноябр ба поён расид. Бар асоси созиш, ки бо миёнҷигарии Русия ҳосил шуд, Арманистон қисматҳое аз Қаробоғи куҳӣ ва атрофи онро ба Озарбойҷон дод ва дар ҷанг ҳам талафоти зиёде дид. Никол Пашинян, ки эътилофи сиёсиаш дар порлумон аксари курсиҳоро дар даст дорад, талаби мухолифон барои истеъфо ва эълони интихоботи барвақтиро рад карда ва хоҳони машварату муколама шудааст.

XS
SM
MD
LG