Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ сол зиндагии омехта бо хунрезиву муҳтоҷӣ дар Сурия. ВИДЕО


Дар Сурия, ки аз ҷанги дохилии он 10 сол сипарӣ шуд, мардум дар Идлиб, охирин такягоҳи мухолифони давлат, аз як даҳаи зиндагии омехта бо хунрезиву муҳтоҷӣ ёд меоранд.

Тасним Ҳасани 11-сола ва оилааш як сол пеш аз инҷо аз рустое дар шаҳри Идлиб гурехтанд, чун нерӯҳои ҳукуматӣ ин такягоҳи охирини мухолифонро бомборон карданд. Ҳоло инҷо 23 дарсади аҳолии 17.5-миллионнафарии Сурия зиндагӣ мекунад.

Онҳо ҳашт урдугоҳро гаштанд, то ҷое барои иқомат ёбанд. Дигар урдугоҳҳо ҷойи дуруст ва об надоштанд. Мунтазир мешуданд, борон борад, то барои пухтупазу нӯшидан об бигиранд. Дар ниҳоят урдугоҳе бо оби дуруст ва кумакҳои башарӣ ёфтанд, вале ҳоло ёриҳо бисёр кам шудаанд.

Тасним Ҳасан мегӯяд, "гоҳе васоили беҳдоштӣ медиҳанд, вале ба мо лозим нест. Мо барои кӯдакон ба "памперс"-у ширу хӯрок эҳтиёҷ дорем. Мо хӯрдан мехоҳем. Ду моҳ аст, ки кумаки ғизоӣ надодаанд."

Тасним замони пеш аз ҷангро дар ёд надорад, вале ёдаш ҳаст, ки тағо, модаркалон, ду писархола, дӯстони оила ва ҳоло умедро аз даст додааст.

Ӯ мегӯяд, "ман орзу доштам, ки ба деҳа бармегардаму шод зиндагӣ мекунем. Пеш аз он буд, ки хонаи моро вайрон карданд. Вале орзуи пуч аст, чун ҳама чиз ҳамингуна хоҳад монд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Даҳ соли ҷанг дар Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Тасним Ҳасан мегӯяд, вақте ба русто ҳамла карданд, падарашро яке аз ихтиёриёни гуруҳи наҷотбахши кулоҳсафедон наҷот дод. Ин гуруҳ дар манотиқи зери назорати мухолифон фаъолият мекунад.

Иброҳим Муҳаммад аз соли 2014 дар гуруҳи "Кулоҳсафедон" кор мекунад ва мегӯяд, аз зери хонаҳои бомбороншуда мурдаву зиндаҳои бешуморро берун кашидааст. Ӯ аз таҳсил дар коллеҷ монд, мисли ҳамватанони зиёди дигар аз хонааш маҳрум шуд, вале ноумед нашудааст.

Вай гуфт, “мо дар шимол бо озодӣ, шараф ва дар сарзамини худ зиндагӣ мекунем. Мардуми зиёдеро талаф додем. Аз ҳар оила як нафар ҳалок шудааст."

Ҷанг дар бисёре аз манотиқи Сурия ба поён расидааст ва таҳлилгарон раиси ҷумҳур Башшор Асадро ғолиби ин ҷанг меноманд. Аммо гуруҳҳои исёнгар шаҳри Идлибу атрофи онро дар даст доранд ва бисёре аз мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ба ҷойи зистан дар минтақаҳои зери назари ҳукумат, ба фирор ё мубориза бартарӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG