Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз изҳороти Байден дар бораи Путин, Русия сафири худро аз Вашингтон фаро хонд. ВИДЕО


Пас аз изҳороти Ҷо Байден, президенти Амрико дар бораи дахолати Русия дар интихоботи ин кишвар, Маскав рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми март эълон кард, ки сафири худро барои машварат аз Вашингтон фаро мехонад.

Ҷо Байден дар як мусоҳибаи телевизионӣ Владимир Путинро "қотил" хонд ва таҳдид кард, ки президенти Русия ба зудӣ бо оқибатҳои мудохила ва талош барои тағйири натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020 дар Амрико ба нафъи Доналд Трамп, рӯбарӯ хоҳад шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар баёнияе эълом кардааст, Анатолий Антонов, сафири Русия дар Вашингтон барои машварат дар бораи ояндаи робитаҳои Русия ва Амрико фаро хонда мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ин тасмим барои пешгирӣ аз бадтар шудани робитаҳои ду кишвар рӯи даст гирифта шудааст.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, "барои мо масъалаи аслӣ ин аст, ки роҳҳои беҳбуди робитаҳои Русия ва Амрикоро, ки солҳои ахир аз сӯи ҳукумати ИМА дучори мушкил шуд ва ба бунбаст кашонида шуд, мушаххас ва ислоҳ кунем".

Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Русия ишорае ба изҳороти Ҷо Байден дар бораи Путин ва "дахолат"-и Русия дар интихоботи Амрико нашудааст. Аммо ин вазорат гуфтааст, ки мехоҳад амалкарди 100 рӯзи нахусти ҳукумати нави Амрикоро баҳсу баррасӣ ва арзёбӣ кунад.

Вокуниши шадиди Кремл ба суханони президенти ИМА дар бораи Путин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

Ҷо Байден дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии ABC News бо ишора ба "мудохила"-и Русия дар интихоботи соли 2020 дар Амрико таъкид карда буд, ки Владимир Путин баҳои ин корро хоҳад пардохт

"Вай нархи ин корро ҳоҳад пардохт", -- гуфт Байден дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии ABC News, ки рӯзи 17-уми март пахш шуд. Вақте мусоҳиб Ҷорҷ Стефанопулас аз ӯ пурсид, чӣ нархе, Байден посух дод: "Ба зудӣ хоҳед дид."

Мусоҳибаи фарогир ҳамагӣ чанд соат пас аз гузориши нашркардаи Хадамоти миллии иктишофии ИМА пахш шуд, ки дар он гуфта мешавад, Путин "ба як қатор ниҳодҳои ҳукумати Русия салоҳият дод, ба таъсиррасониҳое даст зананд, ки ба беобрӯ кардани номзадии президент Байден ва Ҳизби Демократ равона шуда, президенти собиқ [Доналд] Трампро дастгирӣ кунанд, бовари оммаро ба раванди интихобот коҳиш диҳанд ва ба афзоиши зиддиятҳои иҷтимоию сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида мусоидат намоянд”.

Русия аммо дар муқобил ин иттиҳомотро бепоя хондааст. Сафорати Русия дар Вашингтон рӯзи чаҳоршанбе бо ишора ба ин таҳаввулот Амрикоро муттаҳам кард, ки "қасди лаккадор кардани чеҳраи Русия дар ҷаҳонро дорад ва мехоҳад дигаронро дар кутоҳ омадани ҳалли мушкилоти худ гунаҳкор эълон кунад.

XS
SM
MD
LG