Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирпарониҳои Ҷорҷия ҳашт нафар кушта шудаанд


Ҷойи ҳодиса, 16-уми марти 2021
Ҷойи ҳодиса, 16-уми марти 2021

Дар натиҷаи тирандозӣ дар се маркази фароғатии иёлати Ҷорҷияи Амрико ҳашт нафар ҷон бохтанд. Ҳодиса рӯзи 16-уми март рух дод. Гумонбарро дастгир кардаанд.

Сардори пулиси ҳавзаи Черокӣ Ҷей Бейкер хабар дод, ки гумонбар - марди 21-сола дар 240-километрии ҷанубу ғарби Атлант дастгир шуд.

Ба гуфтаи Бейкер, бештари қурбониён занони осиёитаборанд, вале номбурда дар бораи сабабҳои ҳодиса чизе нагуфт. Ӯ танҳо илова кард, ки тафтиши тирпаронӣ идома дорад.

Чаҳор нафар дар маркази масҳгарии Акворт, дар наздикиҳои Атлант кушта шудаанд. Пулиси Атлант хабар дод, ки дар маркази фароғатии Gold Massage Spa низ се ҷасад пайдо шудааст. Як тани дигар дар маркази Aroma Therapy ҷон бохтааст.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, дурбинҳои назоратӣ шахси гумонбарро ҳангоми наздик шудан ба яке аз марказҳо сабт кардаанд ва сардори пулиси минтақа низ бо нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои шиносоии ӯ аз сокинон кумак хостааст.

XS
SM
MD
LG