Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли қирғиз баъд аз норозигӣ аз Конститутсияи нав бедарак шуд


Тазоҳурот ба зидди тарҳи нави Конститутсия дар Қирғизистон
Тазоҳурот ба зидди тарҳи нави Конститутсия дар Қирғизистон

Фаъоли маданӣ дар Қирғизистон, Қамчӣ Нурбек-уулу, ки ба зидди истихроҷи кони Жетим-Тоо ва қабули Конститутсияи нав баромад мекард, як рӯз боз бедарак аст. Дар ин бора раҳбари Ҳаракати "Зидди Хонститутсия" Жениш Молдокматов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Қамчӣ Нурбек-уулу 16-уми март бо онҳо тамос гирифта, гуфтааст, аз сӯи афроди ношинос боздошт шудааст. Баъд аз ин фаъоли маданӣ бедарак шуда, талошҳо барои тамос бо ӯ бенатиҷаанд. Вакилони мудофеъ талош доранд, маҳалли будубошашро пайдо кунанд.

Молдокматов мегӯяд, дар Қирғизистон рӯзҳои охир фишор ба фаъолоне сахттар шудааст, ки зидди мақомот баромад мекунанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон хабари бедаракшавии фаъоли маданиро шарҳ намедиҳанд.

Дар Қирғизистон рӯзи 15-уми март Тилекмат Кудайбергенов, фаъоли маданиро низ боздошт карданд, ки ба зидди истихроҷи кони тилои Жетим-Тоо ва Конститутсияи нав баромад мекард. Тилекмат Кудайбергенов дар "даъват ба ғасби ҳукумат аз роҳи хушунат" айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG