Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил марзашро ба рӯйи ҳама кишварҳо боз кард


Ҳукумати Исроил парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро аз ҳама кишварҳои ҷаҳон ба қаламрави худ иҷозат дод.

Вазорати корҳои хориҷии Исроил рӯзи 16-уми март гуфт, дар парвозҳо ҳеч маҳдудият нест, вале дар як рӯз танҳо то 3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ метавонанд, вориди ин кишвар шаванд.

Дар Исроил, ки аҳолиаш 9 миллион нафар аст, тақрибан нисфи онҳо ваксинаи аввал ва 3 миллиони дигар ваксинаи дувумро гирифтаанд.

Вазорати тандурустии Исроил гуфтааст, ваксина то 98.9 дарсад аз марг пешгирӣ мекунад ва онҳое, ки ваксинаи дувумро гирифтаанд, тақрибан ба бемориҳои сахт гирифтор намешаванд. Ин аст, ки Исроил тақрибан ба вазъияти қаблӣ бармегардад.

Бино ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустии Исроил, таҳқиқот возеҳ нишон додааст, онҳое, ки ваксинаи дувумро гирифтаанд, дар муқоиса ба афроди ваксина нагирифта аз сирояти коронавирус эмин мондаанд.

XS
SM
MD
LG